Categories
Роҳнамои муҳоҷири меҳнатӣ

МУҲОФИЗАТ АЗ ТАБЪИЗ (ДИСКРИМИНАТСИЯ)

Поделиться

МАЪЛУМОТИ АСОСӢ

Дар Федератсияи Россия табъиз бо қонуни асосии кишвар манъ карда шудааст: тибқи банди 2 моддаи 19 Конститутсияи ФР, «Давлат баробарии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, сарфи назар аз ҷинс, нажод, миллат, забон, вазъи молӣ ва мансабӣ, муносибат ба дин, эътиқод, узвият дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин дигар ҳолатҳо, кафолат медиҳад. Ҳама гуна шаклҳои маҳдудкунии ҳуқуқи шаҳрвандон аз рӯи мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, забон ё дин манъ аст».

Баробарии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ин принсипи асосии қонунгузории Россия мебошад.

Ҳолатҳои маъмултарини табъиз нисбати муҳоҷирон инҳоянд:

  • табъиз ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ – ин табъиз дар ҳангоми иҷрои фаъолияти меҳнатӣ: музди меҳнати нобаробар, рад кардани кор бо асосҳои миллӣ, динӣ, нажодӣ. Моддаи 3 Кодекси меҳнатии ФР «Манъи табъиз дар соҳаи меҳнат» мегӯяд: «Ҳар кас барои истифодаи ҳуқуқҳои меҳнатии худ имкониятҳои баробар дорад. Ҳеҷ кас наметавонад дар ҳуқуқ ва озодиҳои меҳнатӣ маҳдуд шавад, ё вобаста ба ҷинс, нажод, ранги пӯст, миллат, забон, вазъи молӣ, оилавӣ, иҷтимоӣ ва мансабӣ, синну сол, ҷои истиқомат, муносибат ба дин, эътиқод, мансубият дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ё ягон гурӯҳҳои иҷтимоӣ ягон имтиёз гирифта наметавонад, инчунин аз дигар ҳолатҳое, ки ба сифатҳои кории корманд вобаста нестанд». Корманде, ки ба табъиз дучор шудааст, ҳуқуқ дорад ба суд бо ариза дар бораи барқарор кардани ҳуқуқҳои вайроншуда, ҷуброни зарари моддӣ ва ҷуброни зарари маънавӣ муроҷиат намояд;
  • табъиз ҳангоми иҷораи хона – соҳибони хона аксар вақт ҳамчун шартҳои иҷора, шартҳоеро изҳор мекунанд, ки асоси табъизи дорад: миллат, мансубияти нажодӣ, динӣ, ё қавмӣ. Дар асоси банди 1 моддаи 1 Кодекси манзили ФР, қонунгузории манзил … бо эътирофи баробарии иштирокчиён дар муносибатҳое, ки қонунгузории манзил танзим мекунад, асос ёфтааст»; тибқи банди 4 моддаи 1 «Шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қонунӣ қарор доранд, ҳуқуқ доранд, ки биноҳои истиқоматиро барои зистан ҳамчун соҳибмулк, иҷорагир, ё дар дигар асосҳои пешбининамудаи қонун озодона интихоб кунанд. Масъулият барои поймолкунии ҳуқуқи шаҳрвандон дар мод. 5.62. Кодекси ФР оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (КҲМ ФР) пешбинӣ шудааст: «Вайрон кар- дани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, вобаста аз ҷинс,нажод, ранги пӯст, миллат, забон, вазъи молӣ, оилавӣ, иҷтимоӣ ва мансабӣ, синну сол, ҷои истиқомат, муносибат ба дин, эътиқод, мансубият дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ё ягон гурӯҳҳои иҷтимоӣ – боиси муқаррар кардани ҷаримаи маъмурӣ ба шаҳрвандон ба андозаи аз як ҳазор то се ҳазор рубл мешавад; ба шахсо- ни ҳуқуқӣ аз панҷоҳ ҳазор то сад ҳазор рубл»;

– табъиз дар ҳамкорӣ бо полис – тибқи бандҳои 1, 3, моддаи 7 Қонуни федералӣ аз 7.02.2011 № 3-ҚФ (нашр аз 07.03.2018) «Дар бораи полис», «полис ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрвандро сарфи назар аз ҷинс, нажод, миллат, забон, вазъи молӣ, оилавӣ, иҷтимоӣ ва мансабӣ, синну сол, ҷои истиқомат, муносибат ба дин, эътиқод, мансубият дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ё ягон гурӯҳҳои иҷтимоӣ, инчунин дигар ҳолатҳо, ҳимоя мекунад. Корманди полис бояд урфу одатҳои миллии шаҳрвандонро эҳтиром кунад, хусусиятҳои фарҳангӣ ва дигар хусусиятҳои гурӯҳҳои гуногуни этникӣ ва иҷтимоӣ, ташкилотҳои диниро ба назар гирад ва ба ҳамбастагии байни миллатҳо ва байнимазҳабӣ мусоидат кунад”. Вайрон кардани ин муқаррароти қонунгузории Россия аз ҷониби кормандони полис боиси ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудани онҳо мегардад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД!

Инро донистан муҳим аст, ки ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки Шуморо ба табъиз гирифтор кунад. Агар Шумо ҷабрдидаи табъиз шудед, бояд ба ташкилотҳои болоии давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин ба суд муроҷиат кунед.

Барои шароити кории табъизӣ корфармо метавонад аз ҷониби Нозироти давлатии меҳнатӣ (НДМ) ба ҷавобгарӣ кашад.

Барои табъиз ҳангоми иҷораи манзил, соҳибмулкро тавассути Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ё бо тартиби суд ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин аст.

Барои амалҳои табъизӣ аз ҷониби кормандони полис, онҳоро метавон тавассути муроҷиат ба СРММ ВКД Россия ба ҷавобгарӣ кашид.

Агар Шумо ҳангоми табъиз зарари маънавӣ дидед, онро метавон бо кашида гирифтани ҷубронпулӣ аз гунаҳгор тариқи суд, ҷуброн кард.

Оҷонсии федералии оид ба масъалаҳои миллатҳои ФР зухуроти табъизро назорат мекунад – дар бораи чунин ҳолатҳо ба почтаи электронии зерин навиштан лозим аст: http://fadn.gov.ru/.

Дар минтақаҳои Россия метавонанд комиссияҳои байниидоравӣ ва байни- соҳавӣ оид ба мубориза бо табъиз таъсис дода шаванд – ҳамин тавр, Комиссия оид ба ҳуқуқҳои баробар ва мубориза бар зидди табъизи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо дар Санкт-Петербург дар Комиссия оид ба муносибатҳои этникӣ ва татбиқи сиёсати муҳоҷирати шаҳр амал мекунад.

Дар бораи ҳолатҳои табъиз нисбати муҳоҷирон ба Шӯро назди Президенти ФР оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон хабар додан мумкин аст.

Ғайр аз ин, дар сурати табъиз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ФР барои ҳифзи ҳуқуқи инсон ёрӣ мерасонад.

ҚОНУНГУЗОРӢ

  • банди 2 моддаи 19 Конститутсияи ФР
  • банди 1 моддаи 1 Кодекси манзили ФР
  • моддаи 5.62 Кодекси ФР оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (КМҲ ФР)
  • бандҳои 1, 3 моддаи 7 Қонуни Федералӣ аз 07.02.2011 №3-ҚФ (нашр аз 07.03.2018) «Дар бораи полис».

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС ВА МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТ:

Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсон: 
– дар Россияhttp://ombudsmanrf.org/ Тел: +7 (800) 600-53-78
– дар ш. МоскваТел: 8 (495) 957-05-85
– дар вилояти МоскваТел: 8 (495) 650-20-38
– дар шаҳри Санкт-ПетербургТел: 8 (812) 241-46-77
– дар вилояти ЛенинградТел: 8 (812) 296-60-13
Шӯрои назди Президент оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқҳои инсон: бо ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар он комиссияи доимӣ оид ба сиёса- ти муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар соҳаи муносибатҳои байни миллатҳо машғул астhttp://president-sovet. ru/about/comissions/ permanent/read/16/
Муроҷиати интернетӣ ба Оҷонсии федералӣ оид ба масъалаҳои миллатҳои ФРhttp://fadn.gov.ru/reception/appeals/new
Маълумоти тамосии Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва татбиқи сиёсати муҳоҷират дар Санкт-Петербургhttp://migrantinfo. kmormp.gov.spb.ru/ Тел: 8 (812) 576-28-67