Categories
Хабарҳо

Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷамоати Исфисор

Поделиться

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ташкилоти ҷамъиятии “Фонди Рушди ҷомеа” мулоқоти навбатӣ бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла фаъолон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи дар Ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳандозӣ шуд.

     Дар мулоқот ба ғайр аз шаҳрвандони даъватшуда намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Рафоат Бобоева, мутахассиси пешбари Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Рустам Ҷамолов ва мутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Меҳрангез Муродова ширкат варзиданд.

     Мақсад аз ташкил ва гузаронидани ин чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати иштирокчиён, фаҳмонидани қоидаҳои муҳоҷирати бехатар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва дар умум бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ буд.

     Дар мулоқот мавзӯи мубориза ба муқобили терроризму экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО ва Covid–19, ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба касбу ҳунаромӯзӣ, шуғли мавсимию доимӣ, муқовимат ба савдои одамон ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод.

     Мутахассисон ба иштирокчиён қоидаҳои муҷоҷирати бехатарро муфассал пешниҳод намуданд, ки шаҳрвандон пеш аз рафтан ба муҳоҷирати меҳнатӣ шиносномаи худро санҷида, вазъи ҳуқуқиашонро муайян намоянд ва оид ба муҳоҷирати бехатар, ба таври ройгон маслиҳат гиранд.

     Иштирокчиёни мулоқот, ҳамчун нафарони шинохта, дар маҳаллаи худ бояд маълумот ва дониши ҳосилнамудаашонро дар байни дигар сокинон паҳн кунанд.

Манбаъ: https://www.facebook.com/