Categories
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот дар ҷамоати Исфисор

Поделиться

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ташкилоти ҷамъиятии “Фонди Рушди ҷомеа” мулоқоти навбатӣ бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла фаъолон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи дар Ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳандозӣ шуд, ки дар он ба ғайр аз шаҳрвандони даъватшуда намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Рафоат Бобоева, мутахассиси пешбари Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Рустам Ҷамолов ва мутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Меҳрангез Муродова ширкат варзиданд.

     Мақсад аз ташкил ва гузаронидани ин чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати иштирокчиён, фаҳмонидани қоидаҳои муҳоҷирати бехатар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва дар умум бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ буд.

     Мутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Меҳрангез Муродова вохӯриро оғоз намуда, ҳозиринро бо ташкилкунандагон, мавзӯъ ва мақсади роҳандозии чорабинӣ шинос намуд. Таъкид кард, ки ин мулоқот бо ибтикори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ташкилоти ҷамъиятии “Фонди Рушди ҷомеа” доир мешавад. Иштирокчиён ҳамчун нафарони шинохта дар маҳаллаи худ бояд маълумот ва дониши ҳосилнамудаашонро дар байни дигар сокинон паҳн кунанд.

     Зимни суханронии худ намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Рафоат Бобоева мавзӯи мубориза ба муқобили терроризму экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО ва КОВИД – 19, ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба касбу ҳунаромӯзӣ, шуғли мавсимию доимӣ, муқовимат ба савдои одамон ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод.

     Рустам Ҷамолов ба ҳайси намояндаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Раёсат ва зерсохторхои тобеи он дар шаҳру нохияҳо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвикотию тарғиботӣ мебошад. Раёсат дар оғози соли 2021 вобаста ба ташкили чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо се нақшаи чорабиниҳои муштаракро ба имзо расонид.

     Нақшаи якум оид ба чорабиниҳои муштараки Раёсатҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Шӯрои уламои дини вилоят мебошад, ки дар ҳар як ҷамоати шаҳраку деҳот ва кумитаи маҳалла ҳадди ақал як ададӣ гузаронида мешавад. Мавзӯи калидии ин чорабиниҳо пешгирӣ ва мубориза ба муқобили падидаҳои номатлуб ва хатарҳои ҷаҳони муосир, пеш аз ҳама, терроризму экстремизм ва муҳоҷирати бехатар мебошад.

     Нақшаи дуюм нақшаи чорабиниҳои муштараки марказҳои вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва мубориза ба муқобили БПНМ (СПИД) ва Раёсат аст. Аз рӯи нақшаи мазкур чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатии муштарак вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳли ҷомеа гузаронида мешаванд.

     Тибқи нақшаи сеюми чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатии якҷоя ҳамкории Раёсатро бо Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъмин менамоянд. Дар рафти ин чорабиниҳо бештар ба масъалаи ташвиқу тарғиби касбу ҳунарҳои миллӣ, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатии занон, таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросим, пешгирии хушунати оилавӣ ва вайроншавии оилаҳои ҷавон, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон ва ҳалли мушкилоту муаммоҳои рӯзгори бонувон эътибор дода мешавад.

     Дар идомаи суханрониаш номбурда қоидаҳои муҷоҷирати бехатарро муфассал ба ҳозирин фаҳмонид ва маслиҳат дод, ки шаҳрвандон пеш аз рафтан ба муҳоҷирати меҳнатӣ шиносномаи худро санҷида, вазъи ҳуқуқиашонро муайян намоянд ва оид ба муҳоҷирати бехатар ба таври ройгон маслиҳат гиранд.

Манбаъ: https://www.facebook.com/