Categories
Хабарҳо

Мутахассисони «Роспотребнадзор» дар Тоҷикистон

Поделиться

Имрӯз намояндагони  корхонаи федералии тиббии Институти илмӣ-таҳқиқотии зидди вабои Федератсияи Россия «Микроб»-и назди Хадамоти федералии назорат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон – «Роспотребнадзор» ба Тоҷикистон омаданд.

     Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода бо намояндагони «Роспотребнадзор»  Олга Кедрова, Ирина Шарова ва Кирилл Марсоха мулоқот намуда, ҷонибҳо доир ба вазъи феълии санитарию эпидемиологии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

     Мақсад аз ташрифи намояндагони «Роспотребнадзор» таҳлили вазъи санитарию эпидемиологии Тоҷикистон буда, ин тасмим зимни ҷаласаи 17-уми ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки 8-9 феврали соли 2021 дар шаҳри Москва баргузор гардид, гирифта шуд.

     Сафари кории намояндагони  корхонаи федералии тиббии Институти илмӣ-таҳқиқотии зидди вабои Федератсияи Россия «Микроб»-и назди Хадамоти федералии назорат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон «Роспотребнадзор» дар Тоҷикистон то 19 март идома ёфта, дар назар аст, ки дар ин муддат онҳо аз якчанд озмоишгоҳ ва муассисаҳои тандурустии мамлакат боздид намоянд.

Дар асоси маводҳои АМИТ «Ховар»