Categories
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хабарҳо

Натиҷагирӣ аз фаъолияти солона

Поделиться

Дар асоси нақшаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи Раёсат, сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо, Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан, директори Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Хуҷанд” маҷлиси ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо доир гардид.

      Маҷлиси ҳисоботиро сардори Раёсат Зайнура Шарифӣ ифтитоҳ намуда, баён дошт, ки аз ҷониби мақомоти  болоии роҳбарӣ ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани фаъолият ва бо нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватанамон дар назди аъзои ҷомеа, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ   супоришу вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд, ки барои иҷрояшон ҳамаи мо масъул ҳастем.

     Дар рафти маҷлиси ҳисоботӣ асосан натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти  Раёсат ва сохторҳои зертобеи он дар давоми соли 2020 ва вазифаҳо барои семоҳаи аввали соли 2021, ҳамчунин обуна ба нашрияи соҳавии «Шуғл ва муҳоҷират» баррасӣ шуд.

     Соли 2020 фаъолияти Раёсат дар самти ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ хеле тақвият ёфта, дар доираи он семинари омӯзишӣ, мизи мудаввар, конфронси амалӣ, пурсиши афкор, аксияи ҷашнӣ, ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод, ҳамчунин  чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ бо ҷалби васеи намояндагони табақаҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо доир гардиданд. Доир ба натиҷаҳои ҳамкории Раёсат бо бо созмонҳои байналмилалию ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соли сипаришуда ва дурнамои он сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Диловар Муродов ҳисобот дод.

     Сардори Раёсат таъкид намуд, ки сифати фаъолияти Раёсат аз рӯи сифати кори шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо муайян мегардад. Бо назардошти ин, пас аз шунидани ҳисобот вобаста ба татбиқи лоиҳаҳо дар шаҳру ноҳияҳои пилотӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳуҷҷатнигорию коргузорӣ ва дигар самтҳои фаъолият аз сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал оварда, ба ҳамаи сохторҳои зертобеъ ҷиҳати ҳамкорӣ намудан бо шабакаи иҷтимоии «Мигрант мобайл» супориш дод.

     Дар ҷамъбасти маҷлис мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом Боҳирҷон Шарифов ба таври тантанавӣ ба нафақаи меҳнатӣ гуселонида, як гурӯҳи калони кормандон бо ифтихорномаю сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Хадамоти муҳоҷират, Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ шуданд.

Мардон Қурбонов
Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд