Categories
Хабарҳо

Навгониҳо барои ронандагон дар Москва

Поделиться

Аз 14 август ронандагони таксиҳо, аз ҷумла таксиронҳои муҳоҷир, дар Москва ва вилояти Москва дигар наметавонанд расман бидуни “Профили рақамии ронанда кор кунанд.

Системаи нав аз ҷониби Департаменти нақлиёти Москва дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳои вилояти Москва ҷорӣ карда мешавад, ки он “Системаи интегралии иттилоотии “Такси Аналитика” ё КИС “АРТ” номида мешавад.

“Тибқи қонунҳои Россия, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ метавонанд дар таксӣ кор кунанд. Яке аз талаботҳои ҳатмӣ – шаҳодатномаи ронандагии Россия ва собиқаи ронандагии сесола ё бештар аз он аст “, – хабар доданд дар Раёсати нақлиёти Москва.

Мақомоти давлатии Москва бо ёрии системаи КИС “АРТ”  умедворанд, ки шумораи садамаҳое, ки ронандагони таксӣ бинобар кори аз ҳад зиёд ва хастагӣ, ба онҳо дучор мешаванд, коҳиш дода шавад. Системаи нав аслан ронандагони таксиҳоро пайгирӣ хоҳад кард.

Migrant-Mobile