Categories
Хабарҳо

Назорати шадиди фурӯши чиптаҳо

Поделиться

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон овозаҳо дар бораи фурӯхта шудани билети тайёраҳо то моҳи июнро такзиб ва ба мардум итминон медиҳад, ки вазъ таҳти назорати шадиди сохторҳои зидахл қарор дорад.

     Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, фурӯши билетҳо дар хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе пурра аз сӯи ширкатҳои ҳавонавардӣ ба роҳ монда шудааст, аммо бо назардошти вазъи истисноие, ки муҳоҷирини мо доранд, онҳо набояд аз меъёре, ки мувофиқа шуда буд, нархро баланд бардоранд ё яклухт ба афроди алоҳида фурӯшанд.

     Дар назди авиакассаҳои воқеъ дар кӯчаи Нисор Муҳаммад, тақрибан 200 нафар ҷамъ омадаанд, то билет дарёфт кунанд. Аксари онҳо аз навоҳии атрофи Душанбе ба ин ҷо омадаанд. Онҳо гуфтанд, ки бино ба шунидашон, билетҳоро афроди алоҳида ба таври яклухт харидорӣ кардаанд, то баъдтар бо нархи гаронтар фурӯшанд.

     “Мо аз ҳукумати худ талаб мекунем, ки фурӯши билетҳоро таҳти назорат бигирад. Хоҳ бовар мекунед, хоҳ не, аксари онҳое, ки ин ҷо ҷамъ омадаанд ва ду рӯз аст, ки интизорӣ мекашанд, пули билетро қарз гирифтаанд ё ягон молашонро фурӯхта омадаанд. Ин ҷо онҳое ҳам ҳастанд, ки ҳуҷҷати иҷозаи иқомати муваққат (РВП) – ро доранд ва агар саривақт ба Россия нараванд, бар мушкилашон афзуда мешавад”, – гуфтанд онҳо.

     Аммо масъулини авиакассаҳо гуфтанд, ки ширкати “Ют Эйр” тамоми чиптаҳояшро барои парвози рӯзи ҷумъа, 2 апрел, фурӯхтааст ва дар ҳоли ҳозир ягон дона чипта барои фурӯш надоранд.

     Дар ҳамин ҳол, дар кассаи марбут ба “Сомон Эйр” дар бораи далоили фурӯхта нашудани чиптаҳо гуфтанд, ки ширкат ҳанӯз машғули корҳои тадорукотӣ аст ва ҳанӯз омодаи фурӯши билетҳо нест. “Ҳатман билетҳо шаффоф ба фурӯш гузошта мешаванд. Билетҳои мо, тибқи мувофиқае, ки бо Агентии авиатсияи гражданӣ шудааст, фурӯхта хоҳад шуд”, – гуфт масъули кассаи “Сомон Эйр”.

Дар асоси маводҳои sputnik-tj.com