Categories
Хабарҳо

Нияти ифтитоҳи маркази муҳоҷират дар Тоҷикистон

Поделиться

Муовини шаҳрдори Москва аз ифтитоҳи марказҳои муҳоҷират дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон гуфт, ки ба ҷалби муҳоҷирон ба Россия машғул хоҳад шуд.

     Владимир Ефимов, муовини шаҳрдори Москва дар бахши сиёсати иқтисодӣ ва масоили замину моликият, ба хабарнигорон дар бораи ифтитоҳи як маркази махсус дар Тоҷикистон гуфт.

     Бо мақсади таъмини равобити мунтазам, маркази муҳоҷират аллакай дар Ӯзбекистон намояндагии худро боз кардааст, гуфт Владимир Ефимов. Вай афзуд, ки ҳамин хел марказ дар Тоҷикистон низ фаъол хоҳад шуд.

     Ин марказҳои муҳоҷират барои ҷалби коргарон бар асоси дархости корфармоён аз Россия фаъолият хоҳанд кард. Таъкид шудааст, ки марказҳои муҳоҷират барои ҷалб ва ворид шудани нерӯи корӣ ба Россия заруранд.

     “Ин барои мо муҳим аст, зеро мо аллакай пешакӣ медонем, ки кадом нафар меояд. Аммо дар бораи пурра кушодани марзҳо суҳбат кардан ҳанӯз барвақт аст”, – илова кард Владимир Ефимов.

     Мақомдори Москва изҳор доштааст, дурнамои рушди кори марказҳои муҳоҷират рӯшан мебошад, чун имкон медиҳад, ки қаблан коргарон вобаста ба ихтисос ҷалб карда шаванд.

Дар асоси маводҳои INTERFAX ва Sputnik