Categories
Хабарҳо

Норасогии муҳоҷирони меҳнат

Поделиться

Хуруҷи оммавии коргарони хориҷӣ дар давоми соли ҷорӣ боиси таназзули воқеӣ дар бозори меҳнати Свердловск гардид: инро афзоиши шумораи ҷойҳои холӣ тасдиқ мекунад. Хуруҷи оммавии муҳоҷирони корӣ дар бозори кори Свердловск, боиси нарасидани нерӯи корӣ шудааст, хабар медиҳад URA.RU.

Дар пасманзари рафтани хориҷиён аз кишварҳои ҳамсоя, дар бозори меҳнати вилояти Свердловск афзоиши якбораи шумораи ҷойҳои кори холӣ дар баъзе самтҳои касбӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамин тариқ, тибқи тадқиқоти хадамоти ҷустуҷӯии кор HeadHunter, дар бахши хидматрасонӣ пешниҳодҳои бештар вуҷуд доранд.

«Агар дар бораи соҳаҳои корхонаҳое, ки аксаран муҳоҷирони меҳнатиро ба кор мегиранд, сухан ронем, метавон гуфт, ки дар бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ нисбат ба аввали сол шумораи ҷойҳои корӣ 24% зиёд шудааст», – гуфт манбаъ. .

Дар бобати саноати хуроки умумӣ ва мехмонқабулкунӣ бошад, афзоиши он боз ҳам баландтар аст — такрибан 28 фоиз. Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои моҳҳои январ-августи соли 2022 тарки оммавии муҳоҷирон аз минтақа ба қайд гирифта шудааст. Шумораи онҳое, ки аз минтақа хориҷ шудаанд, аз шумораи воридшудагон беш аз 4,2 ҳазор нафар зиёд аст. Илова бар ин, шумори муҳоҷирони воридшуда ба минтақа низ 6,1 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст.

Манбаъ: tj.sputniknews.ru