Categories
Хабарҳо

Норасоии коргарони муҳоҷир дар бахши консервабарорӣ

Поделиться

Истеҳсоли консерваҳои сабзавот ва меваҳо дар соли 2021 метавонад ба сабаби нарасидани коргарони хориҷӣ дар корхонаҳои Россия коҳиш ёбад. Пеш аз оғози мавсими кишоварзӣ, роҳбари ситоди фаврӣ оид ба коронавирус, муовини сарвазир Татяна Голикова дар бораи нарасидани нерӯи корӣ дар бахши меваю сабзавот аз ҷониби иттиҳодияи «Руспродсоюз» огоҳ карда шуд.

Аксарияти корхонаҳои кишоварзӣ, ки ба парвариши сабзавот, мева, меваҳои заминҳои кушод машғуланд, инчунин корхонаҳои саноати консервабарорӣ, ки маҳсулоти растаниро ҳамчун ашёи хом истифода мебаранд, бо норасоии қувваи кории хориҷӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, гуфт ба РБК намояндаи «Руспродсоюз» Дмитрий Леонов.

Мавсими корҳои кишоварзӣ аллакай оғоз ёфт (он аз апрел то сентябр давом мекунад) ва норасоии қувваи корӣ тақрибан 30-40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ин сабаб, тибқи иттилоъи «Руспродсоюз», фурӯши тухмиҳо нисбат ба соли гузашта аллакай 50-60% коҳиш ёфтааст, фурӯши ниҳолҳо 50%  кам шудааст. “Кишоварзон аз харидани тухмию ниҳолҳои зиёд метарсанд: коргар намерасад, ки зироат ва ҳосил ҷамъоварӣ кунад”, – шарҳ медиҳад Дмитрий Леонов.

Вуруди коргарони хориҷӣ тавассути як алгоритми махсус, ки аз ҷониби ситоди фаврӣ оид ба мубориза бо коронавирус тасдиқ шудааст ва назорат карда мешавад.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, барои иҷрои бомуваффақияти корҳои мавсимии саҳроӣ дар соли 2021 ба таври иловагӣ 44 ҳазор нафар талаб карда мешавад – пеш аз ҳама барои боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва картошкапарварӣ, ки саҳми меҳнати дастии калонро металабад. Вазорат ба “қарори мусбати” ситоди фаврии коронавирус дар бораи тағйирёбии алгоритми вуруди коргарони хориҷӣ умед мебандад.

Дар асоси маводи РБК