Categories
Хабарҳо

Норасоии муҳоҷирон музди меҳнатро дар сохтмон афзоиш дод

Поделиться

Аз сабаби нарасидани муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бинобар ба чораҳои карантинӣ Россияро тарк кардаанд, баъзе ширкатҳои сохтмонӣ музди меҳнатро баланд бардоштанд.

     Тибқи маълумоти Ассотсиатсияи Миллии Бинокорон, тақрибан 35% ширкатҳои сохтмонӣ арзиши музди меҳнатро баланд бардоштанд. Бештар аз нисфи корхонаҳо хароҷоти музди меҳнаташонро дар сатҳи пештара нигоҳ доштанд.

     Тақрибан 28% ширкатҳо норасоии кадрҳоро эҳсос мекунанд. Бештар аз ҳама хиштчинҳо, андовачиён ва бетончиён намерасанд. Аксари корфармоёни сохтмон мегӯянд, ки таносуби коргарони маҳаллӣ ва хориҷӣ пас аз оғози пандемия тағир наёфтааст.

     Қайд кардан лозим аст, ки норасоии муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2020 бо пандемия ва чораҳои карантинии вобаста буд.

     Ҳоло, бисёр муҳоҷирони меҳнатие, ки рафтанд, мехоҳанд баргарданд, аммо марзҳо баста шудаанд. Ҷалби муташаккилонаи коргарон барои корхонаҳои сохтмонӣ аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ, ҳамчун алтернатива ба муҳоҷирати стихиявӣ мебошад.

     Аммо бисёре аз ширкатҳо то ҳол барои истифода аз ин имконият шитоб намекунанд, зеро барои пайдо кардани коргарон дар хориҷа, онҳо бояд тартиби ҳамоҳангӣ бо мақомотҳои давлатиро гузаранд. Ғайр аз ин, ширкатҳо барои нақлиёт ва муоинаи тиббии муҳоҷирон хароҷоти иловагӣ мекунанд.

     Аз ҳамин сабабҳо ширкатҳои сохтмонӣ аз ин иқдом даст мекашанд.

    Дар асоси маводҳои media-mig.ru