Categories
Хабарҳо

Округи мухтори Ханти-Мансии ФР кори мухоҷиронро дар баъзе соҳаҳои мехнат манъ карданист

Поделиться

Хукуматдорони округи автономии Ханти-Мансӣ фармони дахлдор бароварданд

Дар округи автономии Ханти-Мансӣ кушиш доранд, ки ресурсҳои мехнатиро байни муҳоҷирон ва аҳолии махаллӣ таксим кунанд. Дар соли 2022 шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар асоси патенти меҳнатӣ кор мекунанд, дар ҳашт соҳа, аз ҷумла таксиву тиҷорат наметавонанд ҷои кор пайдо кунанд – ин бори аввал аст, ки чунин чора дар минтақаи Русия ҷорӣ мешавад. Сокинони маҳаллӣ дар сӯҳбат бо “МК” аз ин иқдом пуштибонӣ карданд, аммо худи онҳо намехоҳанд ба ҳайси фурӯшанда ё ронанда кор кунанд.

Тавре ки дар фармони губернатори Округи Мухтори Ханти-Мансӣ Наталя Комарова омадааст, дар соли 2022 муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Русия дар асоси патент кор мекунанд, наметавонанд дар минтақа ба корҳои зерин машғул шаванд: истеҳсоли ғизои кӯдакона ва парҳезӣ; фуруши чаканаи нӯшокиҳои спиртӣ дар мағозаҳои махсус; чаканаи тамоку дар мағозаҳои махсус; ронандаи наклиёти мусофирӣ, инчунин таксиҳо ва мошинхои киро гирифта; хурок ва нушокӣ таъмин намудан, корҳои таълиму тарбиявӣ.

«МК» бо сокинони маҳаллӣ ва худи муҳоҷирон дар бораи навовариҳо сӯҳбат карда, андешаи онҳоро фаҳмид: «Ман худам дар Сургут зиндагӣ мекунам, ин шаҳри калонтарини минтақа, маркази иқтисодӣ аст. Ва, росташро гӯям, вақте ки фурӯшгоҳ маро нафаҳмад, ё чунон ҷавоб медиҳанд, ки ман намефаҳмам, маро дилгир мегардонад. Дар таксиҳо ва қариб дар тамоми бахши хизматрасонӣ ҳамин хел аст.” Аммо вай метарсад, ки агар муҳоҷирон ин минтақаҳоро тарк кунанд, дар он сурат касе нест, ки ҷои онҳоро ишғол кунад – мардуми маҳаллӣ ба қабули чунин шароиту маош розӣ нестанд.

«Кӣ кор хоҳад кард? Дар микроавтобусҳо ва автобусҳо танҳо муҳоҷирон кор мекунанд ”- сокинон маҳаллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ дмекунанд. Бархе иқрор мешаванд, ки он вақт корфармо бояд маошро зиёд кунад ва дар натиҷа, нархи роҳкиро низ боло меравад ва агар ин тавр бошад, пас: «Ин корро ба муҳоҷирон гузоштан беҳтар аст».

Намояндаи созмони ҷамъиятии вилоятии “Диаспораи ӯзбек” Шавкат Маҳбузов соҳиби қаҳвахона ва мағозаи хӯрокворӣ мебошад. Вай дар бораи ташаббуси мақомот аз сӯҳбат бо «М.К» гуфт – “Ин як тиҷорати хурди мо аст аст. Вобаста ба коронавирус, мо душвориҳо ва танқисӣ кашидем. Ҳоло бошад ҳамаи кормандон ваксинация карда шудаанд ва QR код доранд. Мо ҳама шартномаи меҳнатӣ дорем, ҳама андозҳоро месупорем. Боз чӣ лозим аст?” ҳайрон шуд ӯ.

Файзуло Аминов, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии Маркази фарҳангии миллии тоҷикони Сургут «Ваҳдат» ба «МК» гуфт: «Қарор ҳаст ва ҳар як шахс бояд қонунро риоя кунад. – Наметавонам бигӯям, ки теъдоди зиёди муҳоҷирони ин минтақа, ба ин номгӯи кор ҷалб шудаанд, аммо ин ҳам барои коргарон ва ҳам барои корфармо як зарба хоҳад буд. Ба одамон лозим меояд, ки майдони фаъолияти худро дигар кунанд. Аммо бештари муҳоҷирон дар сохтмону корхонаҳо машғуланд ва дар онҷо онҳо маоши хуб мегиранд”.

Вай аз вазъияте ёдовар шуд, ки муҳоҷирон бо оғози пандемия – муҳоҷирати меҳнатиро тарк карданд ва муддати тӯлонӣ боз баргашта натавонистанд. «Вақте ки сарҳадҳо баста шуданд ва муҳоҷирон рафтанд, сокинони маҳаллӣ ин ҷойҳои кории озодшударо нахостанд бигиранд.  Касе ба ин кор наомад. Майдонҳои сохтмонӣ комилан холӣ шуданд ва муҳоҷирон даъватномаҳои бозгаштро аз корфармо гирифтанро сар карданд” гуфт Аминов. Дар мавриди самарабахшии ин тадбир бошад, ба гуфтаи ӯ, ин хеле шубҳанок аст. Масалан, хориҷиён аз ихроҷ метарсанд ва кӯшиш мекунанд, ки қонунро риоя кунанд. Фурӯшандагони маҳаллӣ бошанд аз ҷарима начандон метарсанд.

Манбаъ: «МК»