
1. ОМОДАГӢ БА МУҲОҶИРАТ
МАЪЛУМОТИ АСОСӢ
Тибқи талаботи қонунгузорӣ, пеш аз рафтан ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия, шаҳрванди Тоҷикистон бояд:
– барои хориҷ шудан аз Тоҷикистон маҳдудият дошта набошад: чунин маҳдудиятҳо метавонанд қарори суд, қарз, ҷаримаҳои пардохтнашуда ва дигар маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд;
– шиносномаи хориҷии амалкунанда дошта бошанд: хуб мешуд агар шиноснома дар тамоми давраи банақшагирифтаи иқомат дар Федератсияи Россия эътибор дошта бошад;
– ҳангоми вуруд ба Россия полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (полиси СИТ) доштан: дар сурати набудани полиси суғуртаи тиббӣ, онҳо ҳуқуқ доранд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сарҳад ба Федератсияи Россия роҳ надиҳанд;
– доғи судии барҳамнахӯрда барои қасдан содир намудани ҷиноят надошта бошад: дар ҳолати доғи судӣ доштан, онҳо ҳуқуқ доранд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Федератсияи Россия роҳ надиҳанд;
– бемории аз ҷиҳати иҷтимоӣ хавфнок, аз ҷумла сирояти ВНМО, сил, сироятҳои ҷинсӣ, инчунин коронавируси COVID-19 надошта бошад: дар сурати доштани чунин беморӣ, ташхиси тиббӣ барои гирифтани патенти кор имконнопазир хоҳад буд ва мутаносибан дар Федератсияи Россия ба таври қонунӣ бо кор таъмин шудан имконнопазир мешавад;
– маълумотномаи тиббии шакли 086-y дошта бошад, ки дар ҷои истиқомат дар Тоҷикистон ба расмият дароварда шуда бошад: мавҷудияти ин маълумотнома барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ дар Федератсияи Россия зарур аст;
– забони русиро дар сатҳи асосӣ донад, асосҳои таърихи Россия ва муқаррароти қонунгузории Россияро донад: ҳангоми гирифтани патенти кор, ин донишро ҳангоми санҷиши махсус тасдиқ кардан лозим мешавад;
– манъи вуруд ба Федератсияи Россия дошта набошад: агар нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вуруд ба Федератсияи Россия манъ карда шуда бошад, пас бояд аз болои қарори манъи вуруд шикоят кунад, ё то гузаштани мӯҳлати манъи вуруд мунтазир шавад;
– зери таъсири маҳдудиятҳо оид ба додани патенти кор дар Федератсияи Россия қарор надошта бошад: агар қаблан барои додани патенти кор дар Федератсияи Россия рад карда шуда бошад, пас аризаи нав барои патент метавонад танҳо пас аз 1 сол пешниҳод карда шавад – мутаносибан, дар давоми 1 сол пас аз радкунӣ, бо кор ба таври қонунӣ таъмин шудан ғайриимкон мегардад.
Тавсия дода мешавад, ки дар Федератсияи Россия пешакӣ тарафи қабулкунанда дошта бошед, ки ҷои истикоматро пешкаш кунад, ки мувофиқи он метавон ба қайди муҳоҷират гирифта шуд. Шаҳрванди Федератсияи Россия ё шаҳрванди хориҷие, ки дар Федератсияи Россия ба таври доимӣ истиқомат мекунад, инчунин ташкилот – корфармо, ё ташкилоте, ки манзил (меҳмонхона, хобгоҳ ва ғайра) пешниҳод мекунад, метавонад тарафи қабулкунанда бошад.
Тибқи талаботи Созишномаи байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон – оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кори муваққатӣ, Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба омодагии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия мусоидат намояд, аз ҷумла:
– дар бораи имконияти кор дар Федератсияи Россия бо тартиби ҷалби муташаккилона маълумот диҳад;
– номзадҳоро барои кор дар Федератсияи Россия интихоб кунад, санҷиши онҳоро барои мувофиқат ба талаботи тахассусӣ-касбии корфармоён дар Федератсияи Россия гузаронад;
– омодагии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси номзадҳо барои бо кор таъминшавӣ мувофиқи талаботи корфармо, гузарад;
– омӯзиш ташкил намояд ва дар гузаронидани имтиҳони шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз забони русӣ, ҳамчун забони хориҷӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия кӯмак намояд;
– сафари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро то маҳалли фаъолияти кории муваққатӣ ташкил намуда, барои бозгашти онҳо мусоидат намояд, аз ҷумла ҳангоми аз муоинаи тиббӣ дар Федератсияи Россия нагузаштан, инчунин ҳангоми набудани шаҳодатнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти ВНМО.
Барои истифодаи имкониятҳои омодагӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия, бояд ба шӯъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳатман муроҷиат намоед.
ДАР ХОТИР ДОРЕД!
Барои ҳар як сафари дарозмуддат омодагии хуб дидан муҳим аст. Махсусан ин ба муҳоҷирати меҳнатӣ дахл дорад – ба Шумо лозим меояд, ки муддати дароз дар дигар кишвар зиндагӣ ва кор кунед, ки он ҷо қоидаҳо ва қонунҳои худ амал мекунанд, лозим меояд, ки бо ҳамкорон, мансабдорон ва сокинони маҳаллӣ муошират кунед. Тайёрӣ ба сафар якчанд қадамҳои муҳимро дар бар мегирад ва мо тавсия медиҳем, ки пеш аз сафар худро санҷед:
- Корҳоятонро ба тартиб дароред – қарзҳо ва мушкилоти муҳими ҳуқуқии ҳалношударо дар хона намонед ва кӯшиш кунед, ки оилаи худро бо як қадар «болишти амниятӣ»-и молиявӣ таъмин намоед: мӯҳлати дарозмуддат набудани Шумо, набояд ба хешовандон ва наздикон мушкилот эҷод кунад.
- Аз миёнаравҳо ва ҷалбкунандагон худро дур кашед, маълумоти расмиро истифода баред – ба Федератсияи Россия мустақилона ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан мумкин аст, такя ба миёнаравоне, ки ваъда медиҳанд, ки ҳама мушкилотро барои Шумо ҳал мекунанд, хатарнок буда метавонад – хатари хариду фурӯши одамон, ё пардохти барзиёд барои хизматрасониҳои давлатии ройгон вуҷуд дошта.
- Дониши забони русии худро беҳтар намоед – Шумо бояд забони русиро дар сатҳи миқдори кофӣ, барои муоширати мустақилона бо сокинони маҳаллӣ, корфармо ва кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ дониста бошед. Бидуни донистани забон дар Россия мустақилона кор ҷустуҷӯй намудан, манзил ба иҷора гирифтан, ташкили зиндагӣ ва барои кӯмак муроҷиат намудан хеле душвор мешавад.
- Қонунгузории Россия ва қоидаҳои асосии соҳаи муҳоҷират ва муносибатҳои меҳнатиро донед: – масалан, шаҳрвандони кишварҳои ИДМ метавонанд дар Федератсияи Россия бе ба расмият даровардани патенти кор на бештар аз 90 рӯз (6 моҳ) қарор дошта бошанд. Дар давоми 6 моҳ Шумо метавонед якчанд маротиба ба Россия равед, аммо вақти умумии Шумо дар Россия набояд аз 90 рӯз зиёд бошад. Шаҳрванди хориҷие, ки ба Россия барои кор омадааст, ҳатман бояд дар корти муҳоҷират ҳадафи ташрифи Федератсияи Россияро ишора намояд – «кор». Бидуни нишон додани чунин ҳадафи сафар дар Россия, расман бо кор таъмин шудан имконпазир нест.
- Пеш аз баромадан аз Тоҷикистон, корфарморо пайдо кунед ва бо ӯ дар бораи бо шуғли қонунӣ маслиҳат намоед – пешниҳодҳои расмии корфармоён дар ҳамаи минтақаҳои Россияро дар сомонаи trudvsem.ru пайдо кардан мумкин аст – ин пойгоҳи умумии ҷойҳои кории холии Вазорати меҳнат ва шуғли Федератсияи Россия мебошад. Ғайр аз ин, дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия барномаҳои гуногуни дастгирӣ барои ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон амал мекунанд.
- Бо тарафи қабулкунанда дар тамос бошед – шаҳрванди Россия ё хориҷӣ, ки дар Федератсияи Россия истиқомат мекунад, ё корфармое, ки манзили истиқомат пешниҳод мекунад. Тарафи қабулкунанда бояд Шуморо дар шӯъбаи муҳоҷират ба қайд гирад ва бо манзил таъмин намояд – ҳам Шумо ва ҳам наздиконатон бояд пешакӣ донед, ки ба назди кӣ меравед ва дар куҷо зиндагӣ мекунед.
- Боварӣ ҳосил кунед, ки барои Шумо вуруд ба Россия манъ карда нашудааст – барои ин Шумо бояд Портали хизматрасонии меҳнатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифода баред http:// rushnoi.org/portal/ тафтиши-манъи-вуруд-ба-Федератсияи Россия/ ё хизматрасонии расмии ВКД-и Россияро истифода баред: http://сервисы.гувм.мвд.рф/info-service. htm?sid=3000. Агар Шумо қаблан дар ҷараёни бо кор таъмин шудан аз хизматрасонии миёнаравон истифода карда бошед, хеле имконпазир аст, ки ба Шумо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ омода намуданд ва эҳтимолан ба Шумо вуруд манъ аст.
- Барои дохил шудан ба Федератсияи Россия полиси суғуртаи тиббиро ба расмият дароред – инро дар идораҳои намояндагии ташкилотҳои суғуртавии Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё дар шакли электронӣ анҷом додан мумкин аст. Тавсия медиҳем, ки дар он минтақае, ки Шумо ба он ҷо ба сафар меравед, полис дошта бошед, ки на камтар аз 90 рӯз эътибор дошта бошад. Полиси суғуртаи тиббиро метавонанд дар сарҳад пурсанд, ё дар рӯзҳои аввали ворид шудан ба Федератсияи Россия.
- Маълумотҳои тамоси ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро, ки дар Россия метавонанд кӯмак кунанд дастрас намоед, онҳо метавонанд мақомоти давлатии Федератсияи Россия бошанд, инчунин намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: – муассисаҳои консулӣ, ё намояндагиҳои хадамоти муҳоҷиратӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор ҳастанд, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандони худиро, ки дар хориҷаанд, ҳимоя кунад – барои ин тавсия медиҳем, ки Шумо дар консулгарии назди ҷои истиқомат дар Федератсияи Россия ба қайд гирифта шавед. Донистани ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки ба муҳоҷирон дар минтақаҳои Россия кӯмак мерасонанд, хуб аст – онҳо ба кӯмаки тахассусӣ ва ҳуқуқии ройгон таъминанд.
- Барои вақти аввали будубош маблағ дошта бошед – тавсия медиҳем, ки Шумо маблағи кофӣ барои иҷораи манзил, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ва хӯрок барои 1-2 моҳ дошта бошед. Барои ҳисоб кардани ин маблағ, Шумо метавонед арзишҳои ҳадди ақали зистро дар минтақаҳои Федератсияи Россия истифода баред: http://www.pfrf.ru/grazdanam/pensionres/ soc_doplata~4684. Як ҳадди ақали зист барои каму беш таъмин кардани худ бо хӯрока кофӣ аст, боз 2 ҳадди ақали зист беҳтар мешавад, ки барои иҷораи манзил гузошта шавад, ва 2-3 ҳадди ақали зист барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва роҳкиро 50-60 ҳазор рубл бояд барои вақти аввали будубош то гирифтани музди меҳнат кифоя бошад.
- Ба мутобиқ шудан ба шароит, меъёрҳо, фарҳанг ва урфу одатҳои Россия ва минтақаи будубошатон омода бошед – муҳим он аст, ки бо сокинони маҳаллӣ дар сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунед, аз имкониятҳои нав барои омӯзиш ва рушд истифода бурда тавонед, шиносоии нав пайдо карда тавонед ва аз нохушиҳо худро канорагирӣ карда тавонед.
ҚОНУНГУЗОРӢ
- Қонуни федералӣ аз 25 июли соли 2002 N 115-ҚФ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия»;
- Қонуни федералӣ аз 15.08.1996 N 114-ҚФ «Дар бораи тартиби баромадан аз Федератсияи Россия ва вуруд ба Федератсияи Россия»;
- Қонуни федералӣ аз 18.07.2006 N 109-ҚФ (нашр аз 22.12.2014) «Дар бораи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия»;
- Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти кори муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия (Маскав, 17 апрели соли 2019) – 22 январи соли 2020 аз ҷониби Федератсияи Россия тасдиқ шудааст.
МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС ВА МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТ:
Сомонаи расмии Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД-и Россия | https://гувм.мвд.рф/ |
Портали ягонаи расмии Россия оид ба ҷойҳои кории холӣ «Кор дар Россия» | https://trudvsem.ru/ |
Сомонаи Хадамоти муҳоҷирати, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон | http://migration.tj/ |
Портали хизматрасонии меҳнатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон | http://rushnoi.org/ |
Тафтиши манъи вуруд ба Федератсияи Россия тавассути КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон | http://rushnoi.org/portal/ тафтиши-манъи-вуруд-ба-Федератсияи Россия/ |
Тафтиши манъи вуруд ба Федератсияи Россия тавассути СРММ ВКД Федератсияи Россия | http://сервисы.гувм. мвд.рф/info-service. htm?sid=3000 |
Сомонаи Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия | https://tajembassy.ru/ |
Сомонаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон | http://mehnat.tj/ |
Портали байниминтақавии иттилоотии «Муҳоҷират ва муҳоҷирон»: иттилооти муфид барои муҳоҷирон дар минтақаҳои Федератсияи Россия | http://migrussia.ru/ |
«Хуш омадед ба Санкт-Петербург!»: манъбаи интернетӣ барои муҳоҷирон. Ҳукумати ш. Санкт-Петербург | http://migrantinfo.kmormp. gov.spb.ru/ |
Барномаи мобилӣ барои муҳоҷирон (Аndroid) | Мигразия+ |
Барномаи мобилӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо – «Хуш омадед ба вилояти Ленинград!». Ҳукумати вилояти Ленинград | https://migrantlenobl.ru/ |
Портали иттилоотӣ – маърифатии «Мигрант – Mobile» | www.migrant-mobile.com |
