Categories
Хабарҳо

Оё Россия муҳоҷиронро аз коронавирус эм мекунад?

Поделиться

Дар Ситоди фаврии мубориза бо коронвируси Россия ба саволи рӯзноманигорон дар бораи эҳтимоли эм кардани муҳоҷирони меҳнатии дар ҳудуди ин кишвар қарордошта аз коронавирус посух доданд.

     Дар Россия эмгузаронии шаҳрвандони хориҷӣ аз коронавирус, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ҳанӯз ба нақша гирифта нашудааст. Дар ин бора рӯзи сешанбе, 6 апрел, ба хабарнигорон дар Ситоди фаврӣ барои мубориза бо сирояти нави коронавирус хабар доданд.

     Кормандони ташкилот таъкид карданд, ки феълан танҳо шаҳрвандони Россия метавонанд худро аз коронавирус безарар гардонанд.

     Дар ҳамин ҳол, Ситоди фаврӣ нагуфтааст, ки оё дар оянда чунин имконият – эм кардани муҳоҷирони меҳнатиро фароҳам оварда мешавад ё не. “Феълан, дар ҳудуди Федератсияи Россия танҳо шаҳрвандони кишвар эм карда мешаванд”, – гуфтааст намояндаи ситод.

     Ёдрас мешавем, ки охирҳои январ Александр Макаров роҳбари Иттифоқи касабаи таксистҳои Москва пешниҳод карда буд, ки муҳоҷирон низ эм карда шаванд.

Ба гуфтаи вай, муҳоҷир – дар навбати аввал нафарест, ки эм нашудаву метавонад боиси паҳн шудани беморӣ шавад.

     Ин иқдоми Александр Макаровро мудири лоиҳаи Бунёди рушди муносибатҳои байналмилалии Москва Юрий Московский ҷонибдорӣ кардааст.

Дар асоси маводҳои iz.ru ва sputnik-tj.com