Categories
Роҳнамои муҳоҷири меҳнатӣ

ПАРДОХТ ВА ТАМДИДИ ПАТЕНТИ КОР

Поделиться

МАЪЛУМОТИ АСОСӢ

     Барои кор бо патент Шумо бояд пешпардохти андози муайяншударо (АДШВ) барои ҳар як моҳи ояндаи кор пардозед.

Ҳангоми пардохт патент ба таври автоматикӣ ба мӯҳлати пардохтшуда тамдид карда   мешавад. Дар сурати сари вақт пардохт накардан, амали патент аз рӯзи аввали гузаронидани мӯҳлат қатъ мегардад. Лутфан таваҷҷӯҳ намоед: сарҳисоби моҳ аз санаи гирифтани патенти кор, ки дар ҳуҷҷат ишора шудааст, пеш бурда мешавад.

Пардохт намудани андоз барои кор аз рӯи патент, ҳам ҳармоҳа ва ҳам якбора барои якчанд моҳ иҷозат дода мешавад – ба мӯҳлати то 12 моҳ пешпардохт аз санаи гирифтани патенти кор.

Дар давоми 2 моҳ пас аз гирифтани патент, Шумо бояд нусхаи шартномаи меҳнатӣ бо корфарморо ба шӯъбаи масоили муҳоҷирати меҳнатии СРММ ВКД ФР дар минтақаи худ, фиристед. Инро метавонед тавассути почтаи фармоишӣ бо додани огоҳинома дар бораи супоридан амалӣ намоед, ё шахсан ба шӯъбаи СРММ ВКД ФР пешниҳод намоед. Агар чунин накунед – патенти Шумо метавонад беэътибор эътироф карда шавад!

Дар охири мӯҳлати амали патент бояд ФР-ро тарк кунед, ё патентро аз нав  ба расмият дароред. Барои аз нав ба расмият даровардани патенти кор бояд ба ташкилоти ваколатдор (маркази расмии муҳоҷират) дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯзи корӣ то гузаштани мӯҳлати амали патент муроҷиат намоед ва бо худ ҳуҷҷатҳои зеринро дошта бошед:

  • шиносномаи хориҷӣ бо мӯҳлати эътибор на камтар аз 1 сол;
  • патенти амалкунанда;
  • расид дар бораи пардохти патент барои 12 моҳи гузашта;
  • корти муҳоҷират;
  • шартномаи меҳнатӣ;
  • дархост аз корфармо.

     Дар ҳолате, ки Шумо бо шахси воқеӣ кор мекунед, ба аризаи тамдиди патенти кор бояд огоҳинома дар бораи имзо кардани муносибатҳои меҳнатӣ бо шахси воқеӣ ва дархост аз корфармои Шумо замима карда шавад.

     Аз 4 майи соли 2020, патент барои кор метавонад ба мӯҳлати аз 1 то 12 моҳ такроран аз нав ба расмият дароварда шавад – акнун барои аз нав ба расмият даровардани патент аз ФР баромадан ҳатмӣ нест.

     Дар ҳолати гум кардан, ё харобшавии патент Шумо метавонед ба шӯъбаи муҳоҷирати меҳнатии СРММ ВКД ФР бо ариза барои додани нусхаи дуюми патент дар давоми 3 рӯз муроҷиат кунед. Ба ариза бояд замима шавад:

  • шиноснома ва нусхаи шиноснома;
  • корти муҳоҷират ва нусхаи он;
  • расид дар бораи пардохти патент.

ДАР ХОТИР ДОРЕД!

     Пешпардохти андоз барои патент дар ҳар минтақаи ФР фарқ мекунад. Масалан, дар соли 2020 дар минтақаҳои гуногуни Россия пешпардохти ҳармоҳа барои патент чунин аст:

  • дар Москва: 5341 рубл;
  • дар вилояти Москва: 5092 рубл;
  • дар Санкт-Петербург: 3993 рубл;
  • дар вилояти Ленинград: 3993 рубл;

     Пардохт барои патент на дертар аз як рӯз пеш аз ба охир расидани ҳар моҳи кори пардохташуда пардохт карда мешавад: масалан, патенти коре,  ки 13 март дода шуда, мӯҳлати амали он 12 апрел ба охир мерасад, бояд на дертар аз 11 апрел барои давраи аз 13 апрел то 12 май, пардохт карда шавад. Патентро саривақт пардохт кунед – ҳангоми ҳатто 1 рӯз гузаштани мӯҳлати пардохт, патенти кор метавонад бекор карда шавад!

     Ҳатман мушаххасот барои пардохти патент ва расидҳоро, ки тасдиқкунандаи пардохти Шумо мебошанд, бо худ нигоҳ: дар асоси патенти пардохтшуда метавонед бақайдгирии худро дароз кунед, инчунин мавҷудияти расидҳои пардохтро полис метавонад тафтиш кунад.

Ҳангоми аз нав ба расмият даровардани патенти кор барои соли оянда, дар ҳолати ба таври қонунӣ бо кор таъмин шудан дар ФР барои музди кории пурра, Шумо метавонед тарҳи андоз гиред – яъне баргардонидани маблағи пардохти барзиёди андоз аз даромади шахсони воқеӣ (АДШВ). Инро дар ҳолате анҷом дода мешавад, ки агар Шумо расман тибқи шартномаи меҳнатӣ кор карда бошед, ё эъломияи андоз аз даромадро ба шӯъбаи Хадамоти федералии андоз пешниҳод карда бошед. Агар маблағи АДШВ-и аз музди меҳнати Шумо дошташуда аз маблағи пешпардохти андоз барои патент зиёдтар бошад, Шумо метавонед бо ариза муроҷиат намуда, андозҳои барзиёд пардохтшудаи худро ба суратҳисоби бонкии худ, бо муроҷиат намудан ба Хадамоти федералии андоз дар ҷои бақайдгирӣ, баргардонед.

     Мутобиқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 18 апрели соли 2020 № 274, то 15 сентябри соли 2020 ҳамчунин бо ҳисоб кардани худи ин рӯз, қарор дар бораи бекор кардани патенти кор қабул карда намешаванд.

ҚОНУНГУЗОРӢ

  • Қонуни федералӣ аз 25 июли соли 2002 N 115-ҚФ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия» – моддаи 13.3. «Хусусиятҳои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Федератсияи Россия дар асоси патент, бо тартибе, ки гирифтани раводидро талаб намекунад, омадаанд»;
  • Фармони ВКД-и Россия аз 14.08.2017 с.№ 635;
  • Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 18 апрели соли 2020 № 274 «Дар бораи чораҳои муваққатӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия бо сабаби дар робита ба хатари паҳншавии минбаъдаи сирояти нави коронавирус (COVID-19)».

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС ВА МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТ:

Сомонаи Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД-и Россияhttps://гувм.мвд.рф/
Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД-и Россия:  
Дар шаҳри Москваhttps://77.мвд.рф/ms Тел: 8 (495) 587-07-87
Дар вилояти Москваhttps://увм.50.мвд.рф/ Тел: 8 (926) 224-74-28
  Дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинградhttps://78.мвд.рф/ms Тел: 8 (812) 573-37-22,   8 (812) 573-30-02
Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират:  
Дар шаҳри Москваhttps://mc.mos.ru/ru Тел: 8 (495) 777-77-77
Дар вилояти Москваhttp://emcmo.mosreg.ru/ Тел: 8 (926) 956-33-33
Дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинградhttp://spb.pvsmvd.ru/ Тел: 8 (812) 318-01-22
Марказҳои муҳоҷиратӣ – филиалҳои КВФД «Хадамоти шиносномавию раводиди»-и ВКД Россияhttp://pvsmvd.ru/?q=node/15
Сомонаи Хадамоти федералии андози ФР: дар сурати мавҷуд будани РМА дар хадамоти андоз барои пардохти барзиёди андоз аз даромади шахсони воқеӣ (АДШВ) дар давоми сол Шумо метавонед тарҳи андоз гиред – яъне як қисми пардохтҳои патентиро баргардонед.    https://www.nalog.ru