Categories
Хабарҳо

Парвозҳо ба самти Саратов барқарор мешаванд

Поделиться

Парвоз ба Тоҷикистон аз як шаҳри муҳоҷирнишини Россия низ имконпазир шуд. Равобити ҳавоӣ бо Тоҷикистон аз Саратови Россия низ барқарор мешавад.

Нахустин парвози ҳавопаймо рӯзи 2 июн сурат мегирад.

Дар ин бора Олга Кожанова, сардори департаменти Роспотребнадзор дар минтақа, дар шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирус хабар дод.

Тоҷикистон аввалин кишварест, ки пас аз оғози пандемия бори аввал аз фурудгоҳи “Гагарин” – и Саратов ҳавопаймо парвоз мекунад.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Саратов мехоҳанд назорати санитарию карантиниро пурзӯр кунанд.

Ҳамин тариқ, фурудгоҳ ба онҳое, ки аз кишварҳои ҳамсоя, алахусус аз Тоҷикистон меоянд, диққати махсус медиҳад.

Ёдовар мешавем, Россия аз 1 апрел парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистонро аз сар гирифтааст. Ҳамзамон, парвозҳои чартерӣ байни шаҳрҳои Россия ва Тоҷикистон боқӣ мемонанд.

Дар асоси маводҳои sputniktj.com