Categories
Хабарҳо

Парвозҳои нави мустақими Россия ва Тоҷикистон

Поделиться

Аз 10 июн Россия шумораи парвозҳои мустақими миёни Москва ва Душанберо зиёд кард. Сафорати Россия дар Тоҷикистон ҷадвали парвозҳои мунтазами самти Москва ва Душанберо шарҳ дод.

“Тибқи қарори мақомоти салоҳиятдори Россия ва Тоҷикистон аз 10 июн, басомади парвозҳои мунтазам байни Москва ва Душанбе то ду парвоз барои Utair дар як ҳафта ва ду парвоз дар ҳафта барои “Сомон Эйр” афзоиш дода мешавад”, – омадааст дар хабарнома.

Ба иттилои сафорат, интизор меравад, парвози чартерии Utair, ки рӯзи 12 июн дар назар аст, мақоми парвози мунтазам дода мешавад ва ширкати “Сомон Эйр” дар ҳамон рӯз парвози дуввуми мунтазами ҳафта хоҳад дошт.

Сафорат хотиррасон мекунад, шахсоне, ки шаҳрвандии Россияро надоранд, барои савор шудан ба ҳавопаймои самти Россия, бояд бо худ хулосаи тиббӣ дар бораи набуди бемории коронавирус ба забони русиро дошта бошанд.

Шаҳрвандони Россия бошанд, ҳангоми ворид шудан ба Россия бо ворид кардани натиҷаҳои санҷиш ба Портали ягонаи хадамоти давлатӣ ва коммуналӣ (портали “Госуслуги”) аз ташхиси дукарата (ПЦР) мегузаранд.

Озмоиши аввал бояд дар тӯли се рӯз пас аз лаҳзаи вуруд ба Россия анҷом дода шавад, дуввум – дар давоми панҷ рӯз.

Дар асоси маводҳои sputnik-tj.com