Categories
Хабарҳо

Парвози аввал ба Россия: 249 нафарро аз ин сафар боздоштаанд

Поделиться

Ширкати ҳавопаймоии “ЮтЭйр” қарор дода буд шаби гузашта нахустин гуруҳи шаҳрвандони Тоҷикистонро тариқи парвози мустақим озими Москва гардонад, аммо он бидуни мусофироне, ки асос барои вуруд ба росссияро надоранд, парвоз кард.

     Нахустин парвози мунтазам пас аз эълони кушодани марзҳо мебоист шаби гузашта соати 02:00 ба вақти Душанбе доир шавад. Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон 249 нафарро аз ин сафар боздоштаанд. Гуфта мешавад ҷониби Россия хостааст, ки танҳо ба афроде, ки асос доранд иҷозаи парвоз дода шавад.

     Ба иттилои манбаъ, сабаби аслии нигоҳ доштани онҳо асос надоштан барои вуруд ба хоки Россия гуфта мешавад.

     “Танҳо ба парвоз афроде, ки шаҳрвандӣ ва ё иҷозаи иқомат, беморанду барои табобат ҳуҷҷат доранд ва даъватномаи корро доранд роҳ дода шуданд. Аз ин миён 249 нафари дигарро ба парвоз роҳ надоданд”, – афзуд ин манбаъи Sputnik Тоҷикистон.

     Ҳамзамон тест оид ба надоштани коронавирус аз 169 нафар қабул нашудааст, ки ба гуфти ин манбаъ он низ хеле гарону барои муҳоҷирин мушкил аст.

     Дар назар аст, мусофирони бозмонда дар доираи парвози мунтазам санаи 9 апрел сафар кунанд.

     Ёдовар мешавем, ҷониби Россия санаи 25 марз аз кушодашавии марзаш бо Тоҷикистон хабар дод ва барои иҷрои парвозҳои мунтазам ба ширкатҳои “ЮтЭйр” ва “СомонЭйр” иҷозат дод. Қарор буд нахустин парвози деринтизори мунтазам шаби гузашта доир мешуд, аммо нашуд.



 Дар асоси маводҳои sputnik-tj.com