Categories
Хабарҳо

Пешгӯии хуруҷи муҳоҷирони корӣ дар Федератсияи Русия

Поделиться

«Прайм» менависад,ки  шумораи бисёри муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ бо сабаби коҳиши маоши воқеӣ метавонад Русияро тарк кунанд. Раҳбари маркази коршиносии равобити меҳнат ва ҳифзи меҳнати “Бизнес Россия” Виталий Федин оиди хуруҷи муҳоҷирони корӣ пешгӯи кардааст. Ин ҳолат метавонад дар пасманзари коҳиши маош дар Федератсияи Русия бо назардошти болоравии қурби доллар ва далели заиф шудани рубл рух диҳад. Федин тавзеҳ дод, ки баъди тарки муҳоҷирон аз ФР, барои қувваи кории Русия ҷойҳои корӣ пайдо шавад. Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов низ изҳор дошт, ки таҳримҳо алайҳи Русия метавонад ба муҳоҷирон таъсир расонад.

  Дар мавриди шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки бо сабаби рафтани ширкатҳои бузурги хориҷӣ (Фолксваген, Мерседес-Бенс, BMW, Mango, IKEA, Coca-Cola, Caterpillar, Danone, BP, Shell, McDonald’s) бе кор монданд, Виталий Федин изҳор дошт, ки давлат тайёр аст бо ҷойҳои корӣ таъмин кунад. «Барои ин воситаҳо мавчуданд, аз чумла, кам кардани ставкаи ҳиссачудокунии суғуртавӣ ба фондхои иҷтимоӣ, бозомузии тезондашуда ва ғайра», — изҳор дошт ӯ.

  Муҳоҷирон хоҳиши тарки Русияро надоранд ва Виталий Федин мутмаин аст, ки дар сурати таҳдиди ҷиддӣ ба афзоиши бекорӣ, василаҳои изофӣ барои таъмини шуғл пайдо хоҳанд шуд.

Манбаъ: tj.sputniknews.ru