Categories
Хабарҳо

Пешниҳоди кор барои муҳоҷирон дар Сибири Русия

Поделиться

Вазири дифои Русия, генерали артиш  Сергей Шойгу дар як сӯҳбаташ бо РБК изҳор доштааст, ки моҳоҷирон метавонанд, барои сохтмони шаҳрҳои нав дар минтақаи Сибир иштирок намоянд. Ҳамзамон Русия барои ҷалби муҳоҷирони корӣ дар яке аз минтақаҳои худ қарзҳои имтиёзнрокро низ ҷорӣ карданист. Ин тасмими сибириҳо имконият медиҳад, ки рушди Сибир пешрафта, аз камшавии аҳолӣ дар ин минтақа мусоидат хоҳад кард.

Вазири дифоъ пешниҳоди онро кардааст, ки барои ҷалби моҳиҷирон ба Сибир механизми вижа таҳия мешавад. Вай  қайд кардааст, ки сухан дар бораи низоми қарзҳои имтиёзӣ ва ипотекаи хона барои муҳоҷирон меравад. Шойгу гуфтааст, ки мо барои даҳсолаҳои рушди Сибир барномаҳои худро пешниҳод хоҳем кард ва он на танҳо барои хориҷшавӣ балки барои ҷалби аҳолӣ ба ин минтақа мусоидат менамояд.

Ҳукумати Русия барои амалисозии барномаи рушди Сибир дар тирамоҳи соли равон пешниҳодҳои худро омода месозад.

Аз рӯи маводи: Sputnik-tj.com