Categories
Хабарҳо

Петербург муҳоҷирони меҳнатиро ба сохтмонҳо бармегардонад

Поделиться

Нахустин гурӯҳи 430 нафараи муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор дар Петербург ва вилояти Ленинград иҷоза гирифтанд

     Аввалин гурӯҳи 430 нафарии муҳоҷирон аз кишваҳои ИДМ ба сохтмонҳои Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград меоянд, менависад пойгоҳи “Фонтанка”.Ҳамин тавр, ширкати таҳиягари Гурӯҳи ТСДС аз мақомоти федералӣ иҷозат гирифтааст.

     Мутахассисони хориҷӣ метавонанд чунин намудҳои корҳоро ба монанди деворкунӣ, насби конструксияҳои оҳану бетони яклухт ва васлшаванда, коркард, бомпӯшӣ, сантехникӣ ва ёрирасониро иҷро кунанд.

     Қобили зикр аст, ки пас аз омадани коргарони хориҷӣ ба Россия, аз ҳисоби таҳиягар, онҳо аз ташхиси коронавирус мегузаранд ва ду ҳафта дар карантин мемонанд.Пас аз он, муҳоҷирон метавонанд ба кор шурӯъ кунанд. Шаҳрвандони хориҷӣ бо ин иҷозатнома метавонанд то охири соли 2021 дар кишвар кор кунанд.

     Пештар хабар дода шуд, ки тақрибан сеяки ширкатҳои сохтмонии Россия кам шудани теъдоди коргарони хориҷиро бинобар пандемия ва баста шудани марзҳо қайд мекунанд.

     Ҳукумати Россия низоми вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркияро барои кор дар бахши сохтмон дар қаламрави Федератсияи Россия тасдиқ кард.

     Инчунин, сарвазири Россия Михаил Мишустин дар бораи таҷдиди низоми шиносоии муҳоҷирон дар Россия хабар дод.

Манбаъ: Sputnik