Categories
Хабарҳо

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуданд

Поделиться

8 май дар шаҳри Москва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот маҷмӯи масъалаҳои мубрами муносибатҳои ҳамкорӣ ва шарикии стратегии ду кишвар, ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи вазъияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор доштанд.

Зимни баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба  ба робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва амниятӣ аҳаммияти хосса зоҳир карда шуд.

Пешвои миллат аз ҷараёни рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар самтҳои зикргардида изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки Федератсияи Россия  шарики асосӣ ва муҳимми тиҷоративу иқтисодии мо  боқӣ мемонад.

Бояд зикр кард, ки ҳаҷми мубодилаи мол миёни кишварҳои мо дар соли 2020, сарфи назар аз мушкилоти вобаста ба пандемияи “КОВИД-19”, қариб як миллиард   долларро ташкил дод.

Ҳамзамон бо ин зарурати дар заминаи имкониятҳои мавҷуда такони тоза бахшидан ба ҳамкориҳои ҷонибҳо дар арсаи сармоягузорӣ, бо дарназардошти талаботи бозори Россия, зиёд кардани ҳаҷми содироти меваю сабзавоти босифат ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон ба он махсус қайд гардид.

Дар рафти вохурӣ дигар ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои ҷонибҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, алоқаи ҳавоӣ бо таъкиди аҳаммияти зиёд кардани хатсайрҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар, ҳамчунин рушди ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ, бахусус дар самти мубориза бо пайомадҳои коронавируси нав ва  рафти татбиқи барномаҳои ҳамкориҳои низомиву техникӣ муҳокима карда шуданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати ҳолати ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ду кишвар дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ибрози андеша намуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»