Categories
Хабарҳо

Путин аз аҳамияти забони русӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ гуфт

Поделиться

Владимир Путин, дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок наиуда  аз муҳимияти забони русӣ суҳбат кард.

Соли оянда ба рушди забони русӣ, чун забони муоширати байни миллатҳо бахшида хоҳад шуд, изҳор дошт Владимир Путин, зимни ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ.
Владимир Путин зимни суханронияш дар Шӯро аз аҳамияти забони русӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвар гуфт. “Дар Русия теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ кор мекунанд, барои миллионҳо аз ин нафарон омӯзиши саривақтии забони русӣ бисёр муҳим мебошад”, – таъкид намуд Владимир Путин. Маврид ба зикр аст, ки моҳи октябри соли 2018 Владимир Путин Консепсияи сиёсати давлатӣ дар бахши муҳоҷират то соли 2025-ро имзо кард.
Дар матни ҳуҷҷат самтҳои асосӣ барои мутобиқшавии хориҷиҳо, аз ҷумла мусоидат ба омӯзиши забони русӣ миёни муҳоҷирон таъкид шудааст.

Созмонҳои ҷамъиятии Русия низ курсҳои омӯзишӣ барои муҳоҷирони меҳнатиро пешниҳод мекунанд.

Манбаъ: Sputnik