Categories
Хабарҳо

Путин ба пешниҳоди Минниханов дастур дод, ки ҷалби муҳоҷирон ба корҳои сохтмонӣ содда карда шавад.

Поделиться

Президенти Русия Владимир Путин ба ҳукумат супориш дод, ки то 1 март масъалаи содда кардани ҷалби муҳоҷирони меҳнатиро ба сохтмонҳо баррасӣ кунад. Инчунин ӯ дастур дод, ки ҷалби муҳоҷирон ба корхои сохтмонӣ содда карда шавад.

“Ҳукумати Федератсияи Россия дар якҷоягӣ бо Комиссияи Шӯрои Давлатии Федератсияи Русия дар самти «Сохтмон, манзил ва хоҷагии коммуналӣ, муҳити шаҳр ” масъалаи муқаррар намудани тартиби соддагардонидашудаи ҷалби коргаронро, ки шаҳрвандони Федератсияи Россия нестанд, аз ҷумла онҳое, ки аз кишварҳои ИДМ ҳастанд, баррасӣ мекунанд, корҳои сохтмонӣ ва васлкуниро бо риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти нави коронавируси COVID-19 анҷом диҳад», – навишта шудааст дар рӯйхати дастурҳое, ки дар сайти Кремл нашр шудаанд.

Инчунин супориш дода шуд, ки барои маҳдуд кардани болоравии нархи масолеҳи сохтмонӣ пешниҳодҳо ворид гарданд.

Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи декабр масъалаи норасоии нерӯи корӣ дар сохтмонҳо аз ҷониби Президенти Тотористон Рустам Минниханов, ки ба комиссияи Шӯрои давлатии Федератсияи Русия оид ба сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва муҳити шаҳр роҳбарӣ мекард, ба миён гузошта шуд. Минниханов аз Путин хоҳиш кард, ки вуруди муҳоҷиронро мақсаднок ба сохтмонҳо ташкил кунанд. Сарвари давлат ваъда дод, ки мавзӯи вуруди муҳоҷиронро бо роҳбарони кишварҳое, ки коргарон аз онҷо мебиёянд, баррасӣ хоҳад кард.

Migrant-Mobile