Президенти Россия Владимир Путин аз нияти худ бо ҳамкасбонаш, сарварони дигар кишварҳо, ки аз он давлавтҳо муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия меоянд, изҳор дошт, ки масъалаҳои амнияти ин шаҳрвандон ва шаҳрвандони Россияро баррасӣ мекунад. Ин дар ҷаласаи якҷояи Шӯрои давлатӣ ва Шӯрои рушди стратегӣ ва лоиҳаҳои миллӣ баррасӣ шуд.
“Мо бояд ин масъаларо муҳокима кунем – ва ман инро бо ҳамкоронам аз он кишварҳое, ки муҳоҷирони меҳнатиро ба мо таъмин мекунанд, муҳокима мекунем, то тавре, ки мегӯянд, аз дур мо аллакай барои онҳое, ки дар иншоотҳои гуногун кор мекунанд, бехатариро таъмин кунем ва ин ба онҳо имконият медиҳад, то ки маблағ кор кунанд ва барои рушди майдони сохтмон пешрави диҳад”, қайд кард Владимир Путин. Вай таъкид кард, ки ин масъала муҳим аст, он ҳам ба саломатии шаҳрвандон ва ҳам ба иқтисодиёти соҳаи сохтмон дахл дорад.
Президент инчунин гуфт, ки бо муовини сарвазир Марат Хуснуллин мавзӯи норасоии нерӯи корӣ дар соҳаи сохтмонро баррасӣ кардааст.
Манбаъ: “Российская газета”