Categories
Хабарҳо

Рафтани муҳоҷирон аз қаламрави Красноярски Федератсияи Русия

Поделиться

Аз аввали соли 2022 то кунун 16 ҳазор нафар, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ, қаламрави Красноярскро тарк карданд, хабар медиҳад «Телеграфи Таймыр» бо истинод ба «Красноярскстат». Тибқи натиҷаи изофаҳо аз моҳи январ то июн, беш аз 10 ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои хориҷӣ ба минтақа ворид шудаанд. Ин назар ба як соли пеш 11 фоиз зиёд аст. Аммо ҳамзамон 13,3 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ Русияро тарк кардаанд, ки ин нисбат ба соли 2021 аллакай 2,3 маротиба бештар аст. Дар хусуси кам шудани шумораи муҳоҷирон дар Красноярск бошад, он зиёда аз 3,8 хазор нафарро ташкил дод.

16 хазор нафар сокинони вилоят рафтанд, ки ин нисбат ба хамин давраи соли гузашта 6 фоиз зиёд аст ва 15,4 хазор нафар русҳо аз дигар минтакахои Федератсияи Россия ба ин вилоят кучида омаданд. Ин шумора назар ба соли гузашта 3 фоиз зиёд аст. Ёдовар мешавем, ки қаблан маълум шуда буд, ки Федератсияи Русия дар бораи воридоти тағирот дар сиёсати муҳоҷират ва “лоиҳаи қонунии  ҳамаҷониба”-и нави танзими вуруд ва будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар нақша дорад. Ҳуҷҷати нав дар ҷаласаи Шӯрои васеъи амният дар моҳи сентябри соли 2022 баррасӣ хоҳад шуд.

Манбаъ: Sputnik.