Categories
Хабарҳо

Россия шумораи муҳоҷирони воридшударо, дар соле, ки марзҳо баста буданд, дақиқ кард

Поделиться

Шаҳрвадони хориҷӣ дар соли 2020 назар ба соли 2019 ба ҳудуди Россия 70 дар сад камтар ворид гардидаанд

    Бо далели пандемияи коронавирус дар Россия шумораи муҳоҷирон якбора коҳиш ёфт, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба ВКД Россия.

Ҳамин тавр, ба Россия дар соли 2020 аз моҳи январ то ноябр 5,2 миллион шаҳрванди хориҷӣ ворид гардиданд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2019 ба 70,2 дар сад камтар аст.

    Бино ба омор, теъдоди бештари муҳоҷирон ба Россия аз кишварҳои Осиёи марказӣ – 80 дар сад ворид шуданд. 7,3 дар сади меҳмонон дар Россия аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо буданд.

    “Таъкид карда мешавад, ки ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ 24 дар садро ташкил дод. Аз ин ҷараёни муҳоҷират 12,4 дар садаш ба шаҳрвандони дигар кишварҳо рост меояд”, – омадааст дар гузориши манбаъ.

    Бино ба иттилои ВКД, дар соли 2020 қариб нисф – 44 дар сади тамоми шаҳрвандони хориҷӣ ба Россия бо ҳадафҳои шахсӣ ворид шудаву барои кор танҳо 24 дар сад омадаанд.

    Ёдрас мешавем, ки дар пайи пандемияи коронавирус аз 27 марти соли 2020 Россия марзҳояшро баста буд ва тамоми парвозҳои байналмилалӣ, ба истиснои парвозҳои махсус, санитарӣ, почта ва ғайра, лағв гардиданд.
Аз моҳи августи соли 2020 парвозҳо барқарор мешаванд.

    Пештар Авиатсияи граждании Тоҷикистон эълом кард, ки бо Россия барои барқарор кардани парвозҳо гуфтушунидҳоро идома медиҳад. Аммо, феълан танҳо парвозҳои махсус анҷом дода мешаванд.

Манбаъ: Sputnik