Categories
Хабарҳо

Русия барои муҳоҷирон имтиҳони нав роҳандозӣ мекунад

Поделиться

Дар Русия барои табибони муҳоҷир, ки маълумоти тиббӣ дар берун аз қаламрави ин кишвар гирифтаанд, имтиҳони нав таҳия шудааст.

Вазорати тандурустии Русия низоми имтиҳони ҷадидро барои табибоне, ки дар хориҷ таҳсил кардаанду хоҳиши кор дар кишварро доранд, таҳия намудаст, хабар дод “Коммерсантъ”.

Хадамоти федералии назорат дар соҳаи тандурустӣ санади наверо омода кардааст, ки тартиби имтиҳонсупории табибони муҳоҷирро муайян менамояд. Феълан ин ҳуҷҷат барои сабти расмӣ ба Вазорати адлияи Русия ирсол шуда, баъди сабт барои баррасии оммавӣ дастрас хоҳад буд.

Бар асоси тартиботи ҷадид, табибони хориҷӣ дар муассисаҳои тандурустии Русия танҳо дар ҳолатҳое метавонанд кор кунанд, ки санади тасдиқкунандаи тахассусро дошта бошанд. Инчунин онҳо имтиҳони махсусро тибқи тартиби муқарраркардаи “Росздравнадзор” бояд супоранд.

Масъалаи табибони хориҷӣ дар Русия баъди тасмими Вазорати меҳнати кишвар барои васеъ кардани феҳрасти мутахассисони хориҷие, ки бояд ба кишвар ҷалб гарданд, матраҳ шудааст.

Ба ин феҳраст 33 ихтисос илова шуд, ки дар ин миён 6 ададашон тиббӣ мебошанд. Аз ҷумла ҷарроҳи атфол, табиби бемориҳои сироятӣ, қалб, ревматолог ва ҳамшираи шафқат ба ин феҳраст шомил шудаанд.

Манбаъ: sputnik-tj.com