Categories
Хабарҳо

Русия интизори афзоиши рекордии муҳоҷирон дар соли 2021

Поделиться

Теъдоди коргарони хориҷӣ дар Русия дар соли 2021 метавонад 398 ҳазор нафар афзоиш ёбад

Пешгӯии ҳукумати Русия дар бораи коэффисиенти афзоиши муҳоҷират дар соли 2021 тақрибан ду баробар – аз 14,3 то 27,3 афзоиш ёфтааст, менависад рӯзномаи “Известия”.

Тибқи ҳисобҳои нашрия, бино ба маълумоти дар “Нақшаи ягонаи расидан ба ҳадафҳои рушди миллии Русия то соли 2024” ва дар давраи то соли 2030, теъдоди коргарони хориҷӣ дар кишвар метавонад 398 ҳазор нафар афзоиш ёбад.

Ин баландтарин нишондод дар чоряки аср аст. Бори охир афзоиши муҳоҷират дар соли 1996 ба қайд гирифта шуда буд. Он замон ин нишондод аз 400 ҳазор нафар гузаштааст.

Гуфта мешавад, ки пешгӯӣ барои се соли оянда дигар хоҳад буд. Дар соли 2022 афзоиши муҳоҷират ба 212 ҳазор ва дар солҳои 2023-2024 ба 235 ҳазор нафар хоҳад расид.

Кишварҳои дар соли 2021 аз ҷиҳати шумораи муҳоҷирон дар Русия – Тоҷикистон (38 ҳазор), Украина (26 ҳазор) ва Армения (20 ҳазор) номбар шудааст.

Дар ҳамин ҳол, мутобиқи таҳлилҳои мутахассисон, шумораи аҳолии Русия то соли 2025, эҳтимолияти беш аз 1,6 миллион нафар кам шуданашро дорад.

Манбаъ: sputnik-tj.com