Categories
Хабарҳо

Сафар ба Россия бо истифодаи барномаи “Путешествую без COVID-19”

Поделиться

Дар асоси қоидаи нав, аз 1-уми сентябр сафар ба Россия барои хориҷиён, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, танҳо бо истифода аз барномаи “Путешествую без COVID-19” иҷозат аст. То ин вақт онҳо метавонистанд, бо гувоҳиномаи надоштани COVID-19 вориди Россия шаванд.

Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, аз тартиби нав хабар доранд, аммо гурӯҳи дигар нигаронанд, ки мушкилоти нав пеш меояд.

Ба камияш дар ду озмоишгоҳ дар Душанбе, барои додани натиҷаи ташхис тавассути барномаи “Путешествую без COVID-19” омодаанд.

Елена Козлова, корманди озмоишгоҳи “Гемотест” гуфт, онҳое, ки баъд аз 1-уми сентябр ба Россия рафтанианд, бояд ин корро анҷом диҳанд:

“Метавонед барномаи “Путешествую без COVID”-ро дар телефонатон насб кунед, бо шиносномаи хориҷӣ ба озмоишгоҳ биёед, анкетаро пур кунед ва тест супоред. Натиҷаи ташхис баъд аз як рӯз омода мешавад. Баъд аз ин ки мутмаин мешавед, барнома натиҷаи ташхиси Шуморо дуруст нишон медиҳад, роҳатон ба сафар боз мешавад.”

Баромаи “Путешествую без COVID-19” дар Play Market маҳфуз аст. Мақомоти Россия бовар доранд, тавассути ин барнома метавонанд, аз ташхисҳои бардурӯғ пешгирӣ кунанд.

 Дар асоси маводҳои ozodi.org