Categories
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хабарҳо

Саҳми муҳоҷирон дар рушди ноҳия

Поделиться

Дар ноҳияи Панҷ як гурӯҳ соҳибкорони зодаи Панҷ, ки айни замон дар Федератсияи Россия кору фаъолият доранд, тасмим гирифтаанд дар зодгоҳашон хонаҳои баландошёна бунёд созанд.

Тавре аз нишасти матбуотии ноҳияи Панҷ ба раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд,  Абдусалим Қаландаров як соҳибкори зодаи ноҳия, ки дар кишвари Россия бо тиҷорат машғул аст тасмим гирифтааст, ки дар маркази ноҳия 4 бинои 5 ошёна бисозад. Инчунин ин соҳибкор ният дорад, як корхонаи обҳои ташнашикан ва маркази тиббӣ низ сохта ба истифода диҳад.

Ба ҳамин тартиб дар ноҳия як корхонаи истеҳсоли шифер, корхонаи пусту пашм, гармхона, ва як корхонаи дигар низ сохта мешавад.

Ғайр аз ин чанд соҳибкори бурунмарзии истиқоматкунандагони ноҳия низ тасмим гирифтаанд дар ҳудуди ҷамоати Озодагон толори варзишӣ ва дигар иншоотҳои хизматрасониро сохта ба истифода диҳанд.

Бояд иброз намуд, ки ҳамаи ин тасмимҳо баъди он ки як гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовинони раиси вилояти Хатлон, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят ва масъулон соли 2019 ба давлати Федератсияи Росссия ва Қазоқистон доштанд, гирифта шуданд.

Гурӯҳи корӣ бо соҳибкорони бурунмарзӣ минтақаи вилояти Хатлон суҳбату вохӯриҳо намуда,  мақсаду мароми созандаи роҳбарияти кишварро ба онҳо расониданд. Дар натиҷа соҳибкорони бурунмарзӣ вилоят барои вусъат додани иқтисодиёти кишвар, алалхусус вилояти Хатлон саъю талошҳо доранд.

Манбаъ: http://migration.tj/