Categories
Роҳнамои муҳоҷири меҳнатӣ

САНҶИШИ ДОНИШИ ЗАБОНИ РУСӢ, ТАЪРИХ ВА ҚОНУНГУЗОРИИ ФР

Поделиться

МАЪЛУМОТИ АСОСӢ

Санҷиши донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Россия барои муҳоҷирони меҳнатии ҶТ ҳатмӣ буда, тартиби ба расмият даровардани патенти кор медарояд.

Ба таври устувор донистани забони русӣ барои шаҳрванди хориҷа дар Россия зарур аст. Шахсе, ки забони русиро намедонад, наметавонад ба бисёр ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ барои кӯмак муроҷиат намояд, аз хизматрасонии давлатӣ истифода барад, тариқи қонунӣ патенти кор ба расмият дарорад, дар ҷои хуб бо кор таъмин шавад ва ба мартабаи баланд расад, бо сокинони маҳаллӣ сӯҳбат кунад. Қобилияти гуфтугӯ бо забони русӣ на танҳо дар пайдо кардани дӯстон ва касб кардан кӯмак хоҳад кард, балки дар зиндагии ҳамарӯза, дар фазои иттилоотӣ, дар бозори меҳнат озодона мавқеи худро ёфтан, фарҳанги бойи русро дарк кардан.

Бо фармони Вазорати маориф ва илми ФР аз 1 апрели соли 2014, № 255 дар Россия якчанд сатҳи дониши забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ муқаррар карда шудааст. Муҳоҷирони меҳнатӣ вазифадоранд, ки ҳадди ақал забони русиро дар сатҳи асосӣ донанд.

Сатҳи дониши забони русӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ (ТБУМ/А1): қобилияти хондани матнҳои кӯтоҳи осон аз сарчашмаҳои гуногун (номҳои маҷаллаҳо ва рӯзномаҳо, овезаҳо, аломатҳо, нишондиҳандаҳо, эълонҳо), муайян кардани мавзӯъҳои матнҳо, нақл кардани матни хондаашон, ё шунидаашон, фаҳмидани маълумоти асосии дар монологҳо ва муколамаҳои кӯтоҳи иҷтимоӣ буда, ҳангоми шунидан, бамаврид ва мантиқ сухан гуфтан, мазмуни изҳорот ва нияти ҳамсӯҳбатро фаҳмидан, дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ сӯҳбат бурда тавонистан, донистани тақрибан 850 калима.

Сатҳи асосии дониши забони русӣ барои муҳоҷирони меҳнатие, патенти кор мегиранд, зарур аст, он барои бомуваффақият супоридани санҷиш оид ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории ФР зарур аст.

Гузаштани санҷиш бо шаҳодатномаи махсус тасдиқ карда мешавад. Он ба даст дода мешавад ва дар давоми 5 сол эътибор дорад.

Бо фармони Вазорати маориф ва илми ФР аз 29 августи соли 2014 №1156 талабот барои сатҳи ҳадди ақали дониш, ки барои супоридани имтиҳони забони русӣ ҳамчун хориҷӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия лозим аст, муқаррар шудааст.

 Оид ба забони русӣ, шаҳрванди хориҷӣ бояд:

  1. хонда тавонистани матнҳои хурди таблиғотӣ ва иттилоотӣ (масалан, эълонҳо, овезаҳо, навиштаҳо, нишондиҳандаҳо, порчаҳои мусоҳиба, кӯтоҳ матнҳои кӯтоҳи кишваршиносӣ), муайян намудани мавзӯи матн, маълумоти асосӣ ва иловагии дар он ҷойдоштаро фаҳмидан барои соҳаҳои алоқаи иҷтимоию маишӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва расмии тиҷоратӣ;
  2. саволномаҳо, варақаҳо, огоҳиномаҳоро пур карда тавонистан (барои гирифтани тавҳил, интиқоли почтавӣ), ариза навишта тавонистан (масалан, дар бораи қабул ба кор, дар бораи қабули кӯдак ба мактаб), қодир будан ба мавзӯъ ва жанрҳои матнҳо барои соҳаҳои алоқаи тиҷорати расмӣ, касбӣ ва иҷтимоию маишӣ;
  3. мазмуни асосии монолог ва муколамаро дар ҳолатҳои нутқӣ соҳаҳои алоқаи иҷтимоию маишӣ, тиҷорати расмӣ, касбӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, ҳангоми шунидан фаҳмидан;
  4. мувофиқи қоидаҳои коммуникатсионӣ эҷод карда тавонистани паёмҳои пай дар пай ва мантиқии монологии шифоҳӣ дар мавзӯи пешниҳодшуда, инчунин иштирок дар муколама дар як қатор ҳолатҳои маҳдуди соҳаҳои алоқаи тиҷорати расмӣ, касбӣ ва иҷтимоию маишӣ.

Оид ба таърихи Россия, шаҳрванди хориҷӣ бояд:

  1. далелҳо ва рӯйдодҳои асосии таърихи Россия ва ёдгориҳои асосии таърих ва фарҳанги  ба он алоқамандро донад;
  2. анъанаҳои милли-фарҳангӣ ва динии ҷомеаи Россияро донад;
  3. номҳои шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ ва давлатӣ, шахсиятҳои барҷастаи илм ва фарҳанги Россия, саҳми онҳо дар таърихи рушди ҷомеаи Россия ва фарҳанги ҷаҳониро донад.

  Оид ба асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрванди хориҷӣ бояд:

  1. асосҳои сохтори конститутсионии Федератсияи Россияро донад;
  2. ҳуқуқҳои асосӣ, озодӣ ва вазифаҳои шаҳрвандони хориҷиро дар Федератсияи Россия донад;
  3. қоидаҳои воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ба Федератсияи Россия, будубош ва зист дар қаламрави Федератсияи Россия, баромад аз Федератсияи Россияро донад;
  4. асосҳои қонунгузории шаҳрвандӣ, оилавӣ ва ҳуқуқи меҳнатии Федератсияи Россияро донад;
  5. тартиби ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии Федератсияи Россияро донад;
  6. асосҳои масъулияти ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россияро донад;
  7. асосҳои муносибати шаҳрвандони хориҷӣ бо намояндагиҳои дипломатӣ ва (ё) муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Федератсияи Россияро донад.

Санҷиш барои донистани забони русӣ аз 5 қисм иборат аст: хониш, навиштан, лексика ва грамматика, гӯш кардан (шунидан ва нақли паём) ва нутқи шифоҳӣ.

Шумо метавонед имтиҳон супоред ва шаҳодатнома оиди донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории ФР дар марказҳои махсуси тестӣ дар ҳар як минтақаи ФР дастрас намоед – онҳо одатан дар Донишгоҳҳои калон ҷойгиранд.

       Барои гузаштани санҷиш бояд инҳоро дошта бошед:

  •  шиноснома ва нусхаи шиноснома;
  • тарҷумаи шиноснома ба забони русӣ ба таври нотариалӣ тасдиқшуда (дар идораи нотариалӣ, ки дар он тарҷумон ҳаст, тайёр карда мешавад);
  • корти муҳоҷират бо мӯҳри воридшавӣ ва нусхаи он.

 Ҳангоми муроҷиат кардан, Шумо бояд дар ягон бонк расид барои супоридани санҷиш дастрас ва пардохт кунед. Арзиши хизматрасонӣ оид ба гузаштани санҷишро дар марказҳои тестӣ фаҳмидан мумкин аст, аз ҷумла дар сомонаҳои онҳо.

 Имтиҳон супоридан лозим нест, агар Шумо ҳуҷҷатҳои зеринро дошта бошед:

  • диплом дар бораи хатми муассисаи таълимӣ дар ИҶШС то 1 сентябри соли 1991 ба даст овардашуда;
  • диплом дар бораи хатми муассисаи таълимӣ дар ҳама гуна кишварҳои ИДМ бо курсҳои забони русӣ, таърих ва қонунгузории ФР, тарҷумаи он ба забонирусӣ ба таври нотариалӣ тасдиқшуда ва шаҳодатномаи оиди мутобиқати диплом ба стандартҳои таҳсилотии Россия

Ин ҳуҷҷатҳо донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории ФР-ро тасдиқ мекунанд.

Ғайр аз он, ҳангоми гирифтани патенти кор барои шахсони зерин лозим нест, ки имтиҳон супоранд:

  • мутахассисони баландихтисос;
  • ба журналистоне, ки бо забонҳои хориҷӣ менависанд;
  • донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ФР, ки рӯзона таҳсил мекунанд.
Расми 2. Намунаи шаҳодатнома оиди гузаштани имтиҳон.

ДАР ХОТИР ДОРЕД!

Барои омӯзиши забони русӣ Шумо метавонед аз курсҳои пулакӣ ва ройгон дар муассисаҳои таълимӣ ва оҷонсиҳои забон, хизматҳои муаллимони хонагӣ, захираҳои интернетӣ ва барномаҳои мобилӣ истифода баред. Ҳамзамон, муҳити нутқӣ аҳамияти бузург дорад: на танҳо хондан, балки гӯш кардани нутқи русиро тавонистан муҳим аст ва инчунин натарсидан аз бо забони русӣ гуфтугӯ кардан – маҳз тарси гуфтугӯ кардан ба муҳоҷирони зиёде, ки забони русиро тавассути барномаҳои телевизионӣ, филмҳо, сурудҳо, радио ва ғайра гӯш карда мефаҳманд, барои фаъолона истифода бурдани забони русӣ монеа мешаванд

Беҳтар аст, ки забони русиро пеш аз омадан ба Россия ва ҳангоми дар ФР будан омӯзед – муҳим аст, ки сатҳи худро баланд бардоред, то дар ҳама мавзӯъҳо дуруст сухан гӯед ва ҳамсӯҳбати русзабонро дуруст дарк кунед.

 Барои баланд бардоштани сатҳи дониши забони русӣ ба курсҳои пулакӣ рафтан, ё аз хизматҳои муаллимони хонагӣ истифода бурдан шарт нест:

  • дар дастрасии озод дар шабакаи Интернет сомонаҳо ва барномаҳои онлайнии гуногуни махсусгардонидашудаи забони русӣ ҳамчун хориҷӣ, мавҷуданд, барномаҳои мобилӣ таҳия ва инкишоф дода мешаванд;
  • дар Тоҷикистон курсҳои рӯзонаи забони русӣ амал мекунанд дар марказҳои русӣ ва шӯъбаҳои Оҷонсии федералӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии гуманитарӣ;
  • курсҳои ройгони ихтиёриён оид ба забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ, дар баъзе минтақаҳои ФР амал мекунанд.

 Шумо метавонед дар марказҳои махсуси тестӣ имтиҳон супоред ва шаҳодатнома оид ба донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории ФР-ро дастрас намоед. Ҳангоми муроҷиат кардан, бояд дар ягон бонк расид барои супоридани санҷиш дастрас ва пардохт кунед. Агар Шумо забонро хуб надонед, курсҳои омодагӣ барои санҷиши забони русӣ метавонанд ба Шумо кӯмак кунанд. Чунин курсҳо одатан пулакӣ буда, дар марказҳои тестӣ амал мекунанд. Арзиши хизматҳо барои гузаштани санҷишро дар марказҳои санҷиш, аз ҷумла дар сомонаҳои онҳо, пайдо кардан мумкин аст – одатан, вобаста аз он, ки омодагии пулакӣ барои имтиҳон ба ин хароҷот дохил мешавад ё не, тақрибан 4000-6000 рубл аст.

   Имтиҳон дар бар мегирад:

Қисми 1. Забони русӣ (1соат 20 дақ.) – грамматика, хат, хониш, нутқи шифоҳӣ, шунавоӣ.

Қисми 2. Таърихи Россия (35 дақиқа) – 20 саволҳои санҷишӣ.

Қисми 3. Асосҳои қонунгузории ФР (35 дақиқа) – 20 саволҳои санҷишӣ. Суроғаҳои марказҳои санҷишӣ дар Россияро метавон дар сомонаҳои минтақавии Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД-и ФР – гувм.вкд.фр ё дар сомонаи migrussia.ru дар саҳифаи дахлдори қисмати «Маълумот дар бораи минтақаҳо» пайдо намуд.

Шумо метавонед тариқи онлайн барои санҷиши дониши забони русӣ, таърих ва қонунгузории ФР ройгон омодагӣ бинед, сатҳи забони русии худро баланд бардоред ва намунаҳои тестро ҳал кунед.

ҚОНУНГУЗОРӢ

  • Фармони Вазорати маориф ва илми ФР аз 1 апрели соли 2014 № 255 «Дар бораи тасдиқи сатҳҳои забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ ва талаботи ба онҳо»
  • Фармони Вазорати маориф ва илми ФР аз 29 августи соли 2014, №1156 «Дар бораи тасдиқи шакл, тартиби имтиҳони забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия ва талабот ба сатҳи ҳадди ақали дониш барои супоридани имтиҳон» Қонуни федералӣ аз 25 июли соли 2002 № 115-ҚЗ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия» – м. 15.1 Тасдиқи дониши шаҳрвандони хориҷӣ дар бораи забони русӣ, донистани таърихи Россия ва асос- ҳои қонунгузории Федератсияи Россия

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС ВА МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТ:

Манбаъҳо оид ба омӯзиши забони русӣ:  
Портали «Таълим бо забони русӣ», лоиҳаи Донишкадаи давлатии забони русии ба номи А.С. Пушкин. Портал платформаи омӯзиши фосилавии забони русӣ, системаи омӯзиши фосилавӣ барои ихтисоси омӯзгорони забони русӣ, системаи курсҳои оммавии онлайнии забони русӣ барои одамони синну соли гуногун, ки забони русиро меомӯзанд ва шабакаи иҷтимоӣ барои муоширати мавзӯии истифодабарандагони порталро муттаҳид менамояд. Портали интерактивӣ барои кори мустақилона ва гурӯҳӣ мувофиқ буда, бо 27 забон, аз ҷумла тоҷикӣ ва ӯзбекӣ пешниҳод карда шудааст.          https://pushkininstitute.ru/ learn
Портали «Забони русӣ дар сурудҳо», лоиҳаи Донишкадаи таълими байналмилалии Донишгоҳи давлатии Воронеж. Лоиҳаи интерактивӣ барои шахсоне, ки мехоҳанд дар бораи Россия ва забони русӣ ҳангоми омӯхтани сурудҳои машҳури русӣ маълумоти бештар гиранд.      http://www.rusongs.vsu.ru/
Машғулияти амалӣ оид ба грамматикаи забони русии Донишкадаи забони русӣ ва фарҳанги ДДМ ба номи М. В. Ломоносов Дар сомона қобилияти эҷод ва истифодаи шакли зарурии грамматикӣ дар сохтори ҷумлаи содда ҳангоми ифода кардани маъноҳои гуногун санҷида мешавад: пуркунанда, муайянкунанда, ҳол, қиёс, радкунӣ, модалӣ, номуайянӣ.      http://rustest-online.ru/
Китоби дарсии онлайнии забони русии ройгон барои шурӯъкунандагон, ки аз ҷониби донишҷӯёни амрикоӣ сохта шудааст.  https://mezhdunami.org/
Сомонаи бисёрзабона барои омӯзиши забони русӣ: платформаи онлайнии бисёрзабонаи ройгон, ки омӯхтани забони русӣ ва маслиҳатҳои амалӣ дар бораи ҳаёт ва кор дар Федератсияи Россияро дар бар мегирад.    https://russky.info/ru
Портали иттилоотии «Грамота.Ру»: дар инҷо метавонед имло ва намунаҳои истифода ва тасрифи дурусти калимаҳои русиро тафтиш кунед.  http://gramota.ru/
Барномаҳои мобилӣ барои омӯзиши забони русӣ:  
Китоби худомӯзии забони русӣ барои истифодабарандагони тоҷикзабон, дар Android дастрас аст.  Салом! Забони руси (13+)
Барномаи мобилӣ барои тайёрӣ ба тести давлатӣ оид ба забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ (ТРҲХ). Он бо назардошти хусусиятҳои системаи давлатии санҷиши забонишахсони хориҷӣ сохта шудааст – системаи мӯътабартарин дар ҷаҳон барои арзёбии забони русӣ. Система аз 6 сатҳ иборат аст – аз А1 то С2. Барнома дар Android дастрас аст.      TORFL GO
  Барномаи забони русӣ ҳамчун хориҷӣ барои шурӯъкунандагон барои омӯхтани забони русӣ. Барнома дар Android дастрас аст.  Talk2Russia
Бузургтарин барномаи комилан ройгон дар ҷаҳон барои омӯзиши забонҳои гуногун, аз ҷумла забони русӣ. Барнома дар Android дастрас аст.  Duolingo
Курсҳои рӯзонаи забони русӣ дар Тоҷикистон:  
Фонди «Русский мир» дар кишварҳои хориҷа барои омӯзиш ва рушди забони русӣ мусоидат менамояд. Дар Тоҷикистон чаҳор Маркази русии фонди «Русский мир» фаъолият мекунад. Марказҳои русии фонди «Русский мир» бо мақсади оммавӣ кардани забон ва фарҳанги русӣ, дастгирии барномаҳои омӯзиши забони русӣ дар хориҷа, рушди муколамаи байни фарҳангҳо ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни мардум таъсис дода мешаванд.      https://russkiymir.ru/ https://russkiymir.ru/ rucenter/catalogue.php
Курсҳои рӯзонаи забони русӣ аз ҷониби шарикони фонди «Русский мир» дар Тоҷикистон ташкил карда мешаванд – рӯйхати пурраи ин ташкилотҳоро дар сомона пайдо кардан мумкин аст.https://russkiymir. ru/catalogue/catalog. php?country=82
Маркази русии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон734019, ш. Душанбе к. Мухаммадиева, х. 17/6 Тел: (+99237) 237-30-84
Маркази Русии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон734025, ш. Душанбе к. Турсунзода, х. 30 Тел: (+99237) 227-39-47, (+99291) 922-21-38
Маркази русии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айни734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдаки, х. 121 Тел: (+99237) 224-12-30, (+99290) 772-56-66
Маркази Русии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонш. Душанбе, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, бинои 10 Тел: +992910 514-68-77
Оҷонсии федералии оид ба корҳои ИДМ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии гуманитарии «Россотрудничество» барои омӯзиш ва рушди забони русӣ мусоидат менамоянд.    http://rs.gov.ru/ru
Дар «Россотрудничество» марказҳои илм ва фарҳанги Россия фаъолият мекунанд, ки ба омӯзиши забони русӣ мусоидат мекунанд. Дар Тоҷикистон ду маркази Оҷонсии федералӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии гуманитарӣ кор мекунанд  
Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Душанбеhttp://tjk.rs.gov.ru/ru ш. Душанбе, гузаргоҳи 1, к. Академикҳо Раҷабовҳо 9/1, Тел: (+99237) 221-8947
Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Хуҷандhttp://sugd.rs.gov.ru/ru ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, бинои 52 Тел: (+9923422) 6-02-22
Курсҳои рӯзонаи ихтиёриён дар Санкт-Петербург: курсҳои ройгони забони русӣ барои калонсолон – муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯёни хориҷа ва гурезагон дар Санкт-Петербург амал мекунанд:  
Курсҳои ройгони омӯзишии «Вместе» барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни хориҷа дар заминаи китобхона ва марказҳои ҷавонони шаҳр.  https://vk.com/vvmestevspb Тел: +7(921) 103-18-19
Курсҳои ройгони омӯзиши забони русӣ ҳамчун хориҷӣ «Русский как простой» – барои муҳоҷирони меҳнатӣ.https://vk.com/ public176593170
Марказҳои супоридани санҷиш барои донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории ФР дар Тоҷикистон:  
МТОБ «Донишгоҳи славянии Россияву   Тоҷикистон»ш. Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, бинои 30
Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов дар ш. Душанбеш. Душанбе, к. Бохтар, бинои 35/1 Тел: (+99237) 221-99-42, (+99237) 221-99-02
Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистонш. Душанбе, к. Турсунзо- да, х. 30 Тел: (+99237) 227-35-50
Марказҳои супоридани санҷиш барои донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории ФР дар Россия:
Сомонаи Консорсиуми санҷишии Россия бо маълумотҳои тамосии аксар марказҳо.http://testcons.ru/centers/
Омодагӣ ба супоридани санҷиш тариқи онлайн:
Маълумот дар бораи гузаштани санҷиши донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории ФР.http://migrussia.ru/sovety- migrantam/137-testirovanie
Воҳиди омодагӣ ба санҷиш аз Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия.http://testmigr.rudn.ru/ podgotovka/
Воҳиди омодагӣ ба санҷиш аз Донишкадаи давлатии забони русӣ ба номи А. С. Пушкин, бо намунаҳои супоришҳо.http://pushkin.institute/ Certificates/CGT/ kompleksniy_ekzamen_ rnr_patent_rvp_vnzh.php
Намуди тестҳо барои имтиҳони ҳамаҷониба аз Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург.https://testingcenter.spbu. ru/images/files/komplexnij_ ekzamen_IR.pdf
Экспресс-курс барои омӯзиши забони русӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории ФР ба забони ӯзбекӣ барои муҳоҷирон. Барнома дар Android дастрас аст.  Россия барои ҳама (Ӯзбекӣ)