Categories
Хабарҳо

Санаи парвозҳо аз Челябинск ба Тоҷикистон маълум шуд

Поделиться

Боз як фурудгоҳи Россия омодагии худро барои азсаргирии парвозҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон кард.

     Фурудгоҳи Челябинск нақша дорад, парвозҳоро ба хориҷа оғоз намояд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Челябинск.

     Ҳавопаймоҳо барои парвоз ба Тоҷикистон, Туркия, Кипр, Қирғизистон, Қазоқистон омодагӣ мебинанд. Интизор меравад, ки парвозҳо ба кишварҳои ИДМ аз Челябинск аз 1 май оғоз мешаванд.

     Ҳамин замон, дар фурудгоҳи Челябинск корҳои таҷдиди техникии гузаргоҳи ҳавоӣ тавассути сарҳади давлатии Федератсияи Россия ба итмом расида, тартиби гирифтани иҷозат барои кор бо визаҳои электронии шаҳрвандони хориҷӣ идома дорад.

     “Вазъи эпидимиалогӣ дар ҷаҳон хеле мураккаб аст, мавҷи сеюм дар бисёр кишварҳо оғоз ёфтааст. Ин, шояд, ба оғози кори терминал таъсир расонад. Музокирот барои оғози иртиботи мустақими байналмилалӣ идома дорад , “- гуфт губернатори вилояти Челябинск Алексей Текслер ҳангоми боздид аз бандари ҳавоӣ.

     Ғайр аз ин, имконоти парвозҳо ба хориҷа аз фурудгоҳи Магнитогорск омӯхта мешавад.

Дар асоси маводҳои sputnik-tj.com