Categories
Веб

Семинар омўзиши лоиҳаи «Беҳтар намудани некўаҳволии муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Поделиться

Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо филиали «Хелветас-Интеркорпорейшн» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар тренинг оиди лоиҳаи «Беҳтар намудани некўаҳволии муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Ба ин чорабинӣ дар радифи Сардор ва кормандони масъули дастгоҳи Раёсат шахсан сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд.

Дар ин чорабинии мазкур, роххои беҳтар намудани некўаҳволии муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат барои ҳаллӣ масъалаю муаммоҳои муҳоҷирони меҳнатӣ беҳтар намудани некўаҳволии муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо бахшида шуда буд.

Дар навбатӣ худ Сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷирати ВММША ҶТ дар вилояти Суғд Диловар Муродов оид ба баргузории семинар ибрози назар намуда таъкид доштанд, ки он барои баланд бардоштани савияи дониши онҳо мусоидат менамояд:

Диловар Муродов

Барномаи семинар хеле ҷолиб буда, барои муҳокимаю баррасӣ ва омӯзиш мавзӯҳои муҳиму мушаххас интихоб шуданд. Аз рафти семинар Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истиқлол Фахриддин Ойматов фикри худро чунин баён карданд:

Фахриддин Ойматов

Дар доираи ин семинари серўза иштирокчиён бо фаъолияти гурўҳи кории лоихаи «Хелветас-Интеркорпорейшн» аз наздик шинос шуданд. Семинар дар сатҳи баланди омузиши ҷараён гирифт ва дар рафти он дигар лоиҳаҳои вобаста ба дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо низ муаррифӣ гардиданд. Намояндаи ташкилоти «Хелветас-Интеркорпорейшн» ва инчунин Роҳбари лоиҳаи мазкур Фируз Шарипов дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад. Дар миқёси вилоят шаҳрҳои Конибодом ва Исфара, чун шаҳрҳои пилотӣ интихоб шуданд:

Фируз Шарипов

Дар рӯзи сеюми семинар-тренинг аз ҷониби Ӯлмасов Хуршед лоиҳаи нави инноватсионӣ, ки “Мигрант – Мobile” ном гирифтааст баҳри иштирокчиён муаррифӣ гардид. Қайд карда шуд, ки лоиҳаи мазкур аз тарафи ҶДММ ШТРР “Тироз” ва ташкилоти ҷамъиятии “Чашмаи Ҳаёт”  бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад.

Роҳбари лоиҳа Ӯлмасов Хуршед зикр кард, ки ҳадафи лоиҳа фароҳам овардани имкониятҳои иловагӣ барои дастрасии  фаврӣ ба манбаи иттилоотӣ ва ҳалли мушкилоти мубрами муҳоҷирон, хусусан дар давраи бӯҳрон яъне, “Covid-19″ равона шудааст.    Барои ин  портали ягонаи иттилоотию маърифатии ” Мигрант – Mobile”  ташкил гардида,  сомонаи  махсус бо  замимаи интерактивии Мобилӣ омода карда мешавад. Дар доираи лоиҳаи мазкур ҳамчунин таҳияи   барномаҳои радиовӣ, телевизионӣ, роликҳои иҷтимоӣ, вохӯри бо муҳоҷирони мехнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  низ дар назар аст.