Categories
Видео

Семинар – омӯзиш таҳти унвони «Ман муҳоҷири меҳнатӣ ҳастам»

Поделиться

    ШТРР «Тироз» дар ҳамкорӣ бо ТҶ «Чашмаи Ҳаёт» аз санаи 1 октябри 2020с.  лоиҳаи «Портали маърифатӣ иттилоотии Migrant- Mobile» – ро амали карда истодааст. Барномаи мазкур аз тарафи шарикони рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон – Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ ва маблағгузорӣ мегардад.
    Санаи 16 декабри 2020с. дар ноҳияи Спитамен дар маҷмааи «Гулрез» семинар – омузиш таҳти унвони «Ман муҳоҷири меҳнатӣ ҳастам» дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар доираи лоиҳаи “Migrant – Mobile” бо иштироки роҳбари лоиҳа Хуршед Улмасов ва координатори лоиҳа Рафоат Бобоева, намояндагони ШТРР «Тироз» ва ТҶ «Чашмаи Ҳаёт», гурӯҳи кории лоиҳаи “Migrant – Mobile”, намояндагони Раёсати хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и н. Спитамен, Маркази ҳаёти солим  дар вилояти Суғд ва тренерони лоиҳа гузаронида шуд.
Ҳадафи лоиҳа:
    Бо назардошти рушди технологияҳои иттилоотӣ ва дастрасии васеи аҳолӣ ба онҳо, аз ҷумла муҳоҷирони  меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо:
 – фароҳам овардани имкониятҳои иловагӣ барои дастрасии фаврӣ ба манбаи иттилоотӣ, ки маълумотро оиди ҳалли мушкилоти мубрами муҳоҷирон, хусусан дар давраи бӯҳрони пандемиявӣ (Covid-19) пешниҳод мекунад.