Categories
Хабарҳо

Шаҳрвандоне, ки то 30 июн дар қайди муҳоҷиратӣ сабти ном намешаванд, хориҷ мешаванд

Поделиться

    Сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, Валентина Казакова имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва хешовандони онҳо дар Тоҷикистон муроҷиат ва хоҳиш кард, ки бо истифодаи имконият мақоми ҳуқуқии худро танзим кунанд.

    Бо сабаби он ки иртиботи мунтазами ҳавоӣ байни Россия ва Тоҷикистон аз 1 апрел сар шуд, муҳлати бозгашти муҳоҷирон пас аз 90 рӯз, яъне то 30 июн хатм мешавад. Бинобар ин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон доранд мақоми ҳуқуқии худро дар қаламрави Россия танзим кунанд.

    Валентина Казакова ёдовар шуд, ки Фармони Президенти Россия то 15 июн амал мекунад, аммо ҳукумати Россия механизми дахлдор дар ихтиёр дорад ва ҳамаи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон имкон доранд, ки  ҳуҷҷатҳои худро барасмият дароранд.

    Ба гуфтаи вай, ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки беш аз 90 рӯз дар Россия мебошанд, яъне аз 15 марти соли гузашта, ҳақ доранд ба шуъбаҳои муҳоҷират муроҷиат кунанд ва ҳуҷҷатҳои худро ба расмият  дароранд. “Бақайдгирии муҳоҷират хусусияти сирф огоҳидиҳанда дорад, барои ин кофист, ки ҷониби қабулкунанда ба шуъбаи мо муроҷиат кунад ва хабар диҳад, ки ин шаҳрванд дар суроғаи зикршуда зиндагӣ мекунад. Тартиб одӣ ва ройгон аст. Ҳоло масъалаи осон кардани таҳияи аснод барои шаҳрвандони хориҷӣ баррасӣ мешавад, ки он дар оянда дар шакли электронӣ тавассути портали ягонаи хидматҳои давлатӣ сурат хоҳад гирифт”, — гуфт Валентина Казакова.

    Зикр карда шуд, ки он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки то 30 июн дар қайди муҳоҷирати меҳнатӣ дар Россия сабти ном намешаванд, хориҷ  мешаванд ва мутаносибан вуруди онҳо ба қаламрави Россия барои як давраи муайян манъ карда мешавад.

    Ҳамзамон ӯ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон набояд аз хидмати миёнаравҳо истифода баранд, зеро ин кор пайомад ва мушкилоти ҳуқуқӣ дорад.

Дар асоси маводҳои АМИТ «Ховар»