Categories
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хабарҳо

Шартҳои Россия барои оғоз гирифтани парвозҳо

Поделиться

Аз Россия барои арзёбии вазъи эпидемиологии Тоҷикистон як комиссияи босалоҳият меояд ва дар сурати тасдиқи набудани СОVID-19 дар ҷумҳурӣ масъалаи вуруди шаҳрвандони кишвар ба Россия бознигарӣ хоҳад шуд

    “Бо фиристодани як комиссияи босалоҳият ва аз назар гузарондани вазъият, масъалаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро бознигарӣ мекунанд”, – гуфтанд Ширин Амонзода, Вазири меҳнати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ.

     Бояд қайд кард, ки Россия ва Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2020 барои роҳ надодан ба сирояти коронавирус парвозҳои муназзами ҳавопаймоҳо байни ҳамдигарро қатъ карданд. Қатъи парвозҳо сабабгори он шуд, ки даҳҳо ҳазор муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон натавонистанд барои кор ба Россия сафар кунанд.

     Дар ҳамин ҳол, Вазири меҳнат таъкид доштанд, ки аз ширкатҳои Россия барои ба кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дархости зиёд гирифтаанд вале ба сабаби баста будани марзҳо ва мунтазам набудани парвозҳо ва иҷозати вуруд надоштани шаҳрвандони аксар давлатҳо, иҷрои ин кор ғайриимкон аст.

     Ширин Амонзода имрӯз бори дигар қайд карданд, ки дар ду моҳи охир дар Тоҷикистон ягон мавриди гирифторӣ ба бемории COVID-19 сабт нашудааст. Дар маҷмӯъ бештар аз ду ҳафта аст, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон дар кишвар ягон мавриди сироятёбӣ коронавирусро сабт накардааст.

Манбаъ: Sputnik