Categories
Хабарҳо

Шарти нав барои фаъолияти муҳоҷирон дар сохтмонҳо

Поделиться

Марат Хуснуллин мегӯяд, шарти мо ба муҳоҷирони меҳнатӣ ин гирифтани ваксин аст. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки муҳоҷирон ин шартро қабул мекунанд. Ширкатҳои сохтмонӣ дар Россия омодаанд муҳоҷирони меҳнатиро алайҳи коронавирус эм кунанд.

Ба гуфтаи Хуснуллин, ҳоло ҳукумати Россия мақомоти марбутаро вазифадор намудааст, то ҳамаи коргаронро бо ваксин таъмин кунанд.

Ӯ илова намуд, ки Россия омода аст ҳамаи муҳоҷироне, ки аз хориҷ ворид мешаванд, алайҳи ин беморӣ эм кунад. Ба таъкиди ӯ, ҳоло ширкатҳои сохтмонӣ ҳам ба маблағгузорӣ ва ташкили эмгузаронии коргарон изҳори ҳавасмандӣ намудаанд.

“Худи коргароне, ки аз Белорус, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон вориди Россия мешаванд, бисёр мехоҳанд дар ин ҷо кор кунанд ва маош гиранд. Ҳоло шарти мо ҳамин мешавад, ки агар кор хоҳӣ пас ваксин гир. Умедворем, ки муҳоҷирон шарти моро қабул мекунанд”, – афзудааст Хуснуллин.

Бояд гуфт, ки дар давраи пандемия Россия ба норасоии шадиди муҳоҷирони меҳнатӣ рӯбарӯ гардид, алахусус ин мушкилот ба бахши сохтмон зарба зад. Дар робита ба зарурати ҷалби муҳоҷирон, музди меҳнат дар соҳаи сохтмон хеле афзудааст.

Ҳарчанд вуруди муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ идома дорад, лекин то ҳол мушкили ин соҳа ҳали худро пайдо накардааст.

Дар асоси маводҳои sputnik-tj.com