Categories
Хабарҳо

Ширкати “Сомон Эйр” нахустин парвози худро ба Москва анҷом дод.

Поделиться

Ширкати “Сомон Эйр рӯзи 4 апрел нахустин парвози доимии худро дар масири Душанбе-Москва анҷом дод, гуфт директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба Азия-Плюс.

     Ҳавопаймои “Сомон Эйр” беш аз 180 шаҳрвандонро аз Душанбе ба Москва расонд.

Маълумот дар бораи парвози аввалро худи ширкати ҳавопаймоӣ низ тасдиқ кард.

     “184 мусофир аз Душанбе ба Москва рафтанд. Ширкати ҳавопаймоӣ парвози навбатии мунтазамро дар масири Душанбе-Москва-Душанбе 6 апрел анҷом медиҳад. Арзиши чипта дар хатсайри Душанбе-Москва 349 долларро ташкил медиҳад. Чиптаҳоро аз нуқтаҳо фурӯши Агентии алоқаи ҳавоӣ харидан мумкин аст”, – гуфтанд намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ.

     Дар Агентии авиатсияи гражданӣ қайд карданд, ки шаҳрвандон ба онҳо бо шикоят дар бораи болоравии нархҳои чиптаҳои ҳавопаймо тамос гирифтанд. Манбаъ мегӯяд, ки рӯзи душанбе ин масъала дар як ҷаласаи махсус баррасӣ хоҳад шуд.

Дар асоси маводҳои asiaplus