Categories
Хабарҳо

Шумораи муҳоҷироне, ки аз вилояти Москва дар давраи пандемия «депорт» шудааанд.

Поделиться

Муайян шуд, ки аксари муҳоҷирони «депорт» – шударо аз вилояти Москва зодагони Осиёи Марказӣ ташкил медиҳанд

    Дар давраи ҳамагирии коронавирус аз вилояти Москва беш аз 400 муҳоҷир «депорт» шудааст, изҳор доштанд дар хадамоти матбуотии Саридораи амнияти минтақавӣ.

    “Аз 1 март то 31 декабри соли гузашта кормандони Хадамоти федералии иҷроияи Федератсияи Россия дар вилояти Москва ва Сарраёсати ВКД Россия дар вилояти Москва аз ҳисоби Россия 404 муҳоҷирро ба ватанашон фиристод”, -омадааст дар изҳорот.

    Инчунин, зиёда аз 80% қарорҳои судҳои вилояти Москва дар бораи депортатсия иҷро шудаанд.

    Дар айни замон, аксар хориҷиён муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ буданд.  8% «депорт» -шудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва 81% муҳоҷирон аз Ӯзбекистон мебошанд.

    Ёдовар мешавем, ки депортатсия нисбати муҳоҷироне, ки беасос ва бидуни асноди лозимӣ дар Россия буду бош доштанд ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд,  татбиқ мешавад.

    Дар ҳоли ҳозир, боз 36 шаҳрванди хориҷӣ дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ ҳастанд ва мунтазири парвоз ба ватан мебошанд.
    Пештар хабар дода шуд, ки дар 11 моҳи соли 2020 муҳоҷирони меҳнатӣ ба буҷаи минтақаҳои Россия 577,6 миллион доллар ворид карданд, дар ҳоле ки дар соли 2018 ин маблағ 757 миллион доллар буд.

Манбаъ: Sputnik