Categories
Хабарҳо

Шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Россия

Поделиться

Беш аз 700 ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои ИДМ, ки дар Россия қарор доранд, барои будубош ягон асоси ҳуқуқӣ надоранд

Дар ин бора муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Александр Горовой дар доираи мулоқоти онлайн бо намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина изҳор дошт.

“Имрӯз беш аз 700 ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои узви ИДМ дар “соя” ҳастанд”, – гуфт ӯ.

Моҳи июни соли равон Президенти Россия Владимир Путин фармонеро дар бораи тамдиди будубоши муваққатии муҳоҷирон дар Федератсияи Россия замони ҳамагирии COVID-19 имзо кард, ки то 30 сентябри соли 2021, хориҷиён аз қаламрави кишвар “депорт” карда намешаванд, ба истиснои қонуншиканӣ.

Тибқи талабот, шаҳрвандони хориҷие, ки то 15 марти соли 2020 ба Россия омадаанд ва то 16 июни соли 2021 барои будубош дар ин кишвар ягон асос надоранд, метавонанд то охири моҳи сентябр ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кунанд.

Дар асоси маводҳои sputnik-tj.com