Categories
Хабарҳо

Сомонаи нав барои дарёфти кор

Поделиться

Сомонаи нав барои шуғли шаҳрвандони хориҷӣ дар бисёр соҳаҳо аз корфармоёни боэътимод дар интернет пешниҳод мекунад

Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷират барои корфармоён ва шаҳрвандони хориҷӣ як вебсайти вижаеро роҳандозӣ кардааст. Портал ба муҳоҷироне, ки барои кор ба Маскав меоянд, дар пайдо кардани ҷои кор дар вилояти пойтахт кумак мекунад. Сайт бо интерфейси интуитивии корбар бо чанд забон, аз ҷумла тоҷикӣ таҳия шудааст.

Ба гуфтаи Мария Багреева, вазири ҳукумати Маскав, сардори Раёсати сиёсати иқтисодӣ ва рушд, шаҳрвандони хориҷӣ акнун метавонанд дар Маскав ва вилояти Маскав ба тариқи онлайн хидмати фарогири шуғл бигиранд. Хизмат инчунин мусоҳибаро дар бар мегирад.

Ба гуфтаи Багреева, корфармоён инчунин метавонанд аз миёни шаҳрвандони хориҷӣ тибқи параметрҳое, ки дар ҷустуҷӯи дархост муқаррар кардаанд, кормандони соҳибихтисос пайдо кунанд. Сардори Раёсати сиёсати иќтисодї ва рушд афзуд, ки Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷират пайваста барои рушди равобити муҳоҷиратии Русия бо давлатҳои ҳамсояи дўст корҳои густурдаеро пеш мебарад. Вай ёдовар шуд, ки қаблан мутахассисони МБМ дар Тоҷикистон ва Узбакистон намояндагиҳои худро боз кардаанд.

Манбаъ: Sputnik -Тоҷикистон