Categories
Роҳнамои муҳоҷири меҳнатӣ

ТАҲСИЛИ ФАРЗАНДОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Поделиться

МАЪЛУМОТИ АСОСӢ

  Фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ, дар баробари фарзандони шаҳрвандони ФР, ҳақ доранд дар боғчаҳои давлатӣ ва мактабҳои давлатӣ дар Россия ройгон таҳсил кунанд.

  Кӯдакон бояд дар ФР дар асосҳои қонунӣ қарор дошта бошанд, яъне корти муҳоҷиратӣ дошта бошанд ва дар қайди муҳоҷират бошанд (дар маҳалли будубош ба қайд гирифта шуда бошанд).

   Кӯдакони синни мактабӣ, ки дар Россия мебошанд, вазифадоранд ба мактаб раванд: агар шаҳрвандони хориҷӣ фарзандашонро ба мактаб нафиристанд, ӯро ба кор ҷалб кунанд ва дар шароити бад нигоҳ доранд, хадамоти парасторӣ ва полис метавонанд онҳоро ба ҷавобгарӣ кашанд ва кӯдаконро ба ватан фиристанд.

  Барои дохил шудан ба боғча ва синфи якуми мактаб, бояд ба МБС муроҷиат кард – Маркази бисёрсоҳавии «Ҳуҷҷатҳои ман» дар маҳалли бақайдгирӣ.

  Барои дохил шудан ба мактаб, бояд ба шӯъбаи маорифи ноҳиявӣ (ШМН) муроҷиат кард. Тамосҳои шӯъбаи маорифи минтақаи худро аз Интернет ё ҳангоми муроҷиат ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ пайдо кардан мумкин аст.

  Агар падару модарон ба мактаб муроҷиат кунанд ва ба онҳо рад карда шавад, бояд ба ШМН-и ноҳияи худ барои пешниҳоди ҷой дар яке аз мактабҳои ноҳия муроҷиат кунанд.

  Ҳуҷҷатҳо барои боғчаи бачагона ва мактаб (инчунин нусхаи ҳамаи ҳуҷҷатҳо лозиманд):

  • шиносномаи кӯдак ва шиносномаи яке аз волидайн
  • шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдак;
  • корти муҳоҷирати кӯдак ва яке аз волидайн;
  • огоҳинома оид ба баҳисобгирии муҳоҷирати кӯдак (бақайдгирӣ) ва яке аз волидайн (дар ҷое, ки кӯдак ба мактаб ё боғча меравад);
  • корти тиббие, ки кӯдак аллакай дорад;
  • маълумотномаи тиббӣ 026 ва сертификат дар бораи эмкунӣ (дар клиникаҳои тиббии кӯдакон пулакӣ тартиб дода мешавад);
  • делои шахсии кӯдак аз мактаби гузашта (агар аллакай ба мактаб рафта бошад)

Одатан, тарҷумаи ҳуҷҷатҳо ба забони русӣ ба таври нотариалӣ тасдиқшуда низ талаб карда мешавад ва баъзан полиси тиббии кӯдак талаб карда мешавад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД!

   Маслиҳат медиҳем, ки фарзанди худро пешакӣ дар боғча ва мактаб ҷой- гир кунед:

  • бақайдгирӣ ба мактабҳо – дар апрел-май барои соли ояндаи таҳсил (аз 1 сентябр);
  • бақайдгирӣ ба боғчаи бачагона ва синфи якум дар мактаб – дар моҳи феврал-апрел барои соли ояндаи таҳсил (аз 1 сентябр);
  • фарзандонро ба мактаб ва боғча дар ҷои будубоши муваққатии (бақайдгирии муҳоҷират) волидони онҳо ҷойгир кардан лозим аст;
  • фарзандони он шаҳрвандони хориҷӣ барои дохил шудан ба мактаб ва боғчаи бачагона ҳуқуқи афзалиятнок доранд, ки агар:
  • онҳо доимо дар ФР зиндагӣ кунанд (иҷозат барои истиқомат дошта бошанд);
  • аъзоёни оилаҳои калон;
  • аъзоёни оилаи кормандони мактаб ё кормандони боғча (агар волидони кӯдак дар боғча ё мактаб ба ҳайси муаллим, омӯзгор, посбон, ошпаз, фаррош ва ғайра) бошанд.

  Дар баъзе ҳолатҳо, ҳангоми ҷойгир кардан ба мактаб, кӯдак бояд бо муаллимон аз мусоҳиба гузарад ва онҳо муайян мекунанд, ки кӯдак дар кадом синф мехонад. Агар аз сабаби нокифоягии дониши забони русӣ муаллимон пешниҳод кунанд, ки кӯдак дар як синф поёнтар дарс хонад, ҳеҷ гап не.

  Дар шаҳрҳо ва шаҳрҳои калон, аксар вақт ҷойҳои боғчаҳо кофӣ нестанд, аз ин рӯ навбатҳо ба вуҷуд меоянд ва якчанд оилаҳо метавонанд барои як ҷой дар гурӯҳ муроҷиат кунанд. Агар дар кӯдакистон ҷойҳои холӣ вуҷуд надошта бошад, кӯдак ба дигар муассисаи таълимӣ фиристода мешавад, ки дар он ҷо ҷойҳои холӣ ҳастанд.

  Сабаби ягона барои қабул накардани кӯдак ба мактаб/боғча ин нарасидани ҷой дар синфҳо мебошад – дар ин ҳолат, шӯъбаи маорифи ноҳиявӣ бояд ягон муассисаи томактабӣ, ё мактабии дигарро дар ҳамон ноҳия пешниҳод кунад. Агар Шумо ҳангоми қабул ба мактаб мушкилот пайдо шавад, ба кумита, ё Вазорати маорифи минтақа муроҷиат кардан мумкин аст.

  Дар сурати вайрон кардани ҳуқуқҳои кӯдак, инчунин ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар минтақа муроҷиат кардан мумкин аст.

  Мақсади вуруди кӯдаки синни мактабӣ ва томактабӣ – «хусусӣ», ӯ ҳуқуқ дорад дар Россия на зиёда аз 90 шабонарӯз дар давоми ҳар як нимсола аз санаи воридшавӣ, қарор гирад. Агар кӯдак ба боғча, ё мактаб мерафта бошад, мӯҳлати бақайдгирии (баҳисобгирии) муҳоҷирати ӯро ба мӯҳлати амали бақайдгирии яке аз волидайн, ё ҳардуи онҳо, ки бо патенти меҳнатӣ кор мекунанд, дароз кардан мумкин аст, аммо на бештар аз 3 моҳ. Барои тамдиди бақайдгирии кӯдак, бояд ба СРММ ВКД Россия дар маҳалли бақайдгирии худ муроҷиат кард ва ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намуд:

  • ҳуҷҷатҳо дар бораи таълими кӯдак дар мактаб (маълумотнома);
  • чек-расидҳо дар бораи пардохти патенти кор;
  • огоҳинома оид ба баҳисобгирии муҳоҷирати кӯдак ва волидайн – дар ҳамон як суроға.

   Агар кӯдак барои дар мактаби русӣ таҳсил кардан омода набошад, забони русиро хуб надонад, бо кӯдакони рус бо душворӣ муошират намояд, дар баъзе минтақаҳо ба ташкилоти ҷамъиятӣ муроҷиат намуда, дастгирии заруриро гирифтан мумкин аст. Ихтиёриён бо кӯдакон машғулиятҳои ройгони омӯзишӣ мегузаронанд, фароғат ва барномаҳои фарҳангӣ ташкил мекунанд ва ба кӯдакон барои дар ҷомеаи Россия одат кардан ёрӣ мерасонанд.

ҚОНУНГУЗОРӢ

  • «Дар бораи маориф дар Федератсияи Россия» (Қонуни федералии №273-ҚФ аз 29.12.2012)

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС ВА МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТ:

Агар ҳангоми қабул ба мактаб мушкилот пайдо шавад, ба Кумита, ё Департаменти маориф муроҷиат кардан мумкин аст – он дар ҳар минтақа дастрас аст:
 – дар ш. Москваhttps://www.mos.ru/feedback/reception/
– дар вилояти МоскваТел: 8 (498) 602-10-27
– дар ш. Санкт-ПетербургТел: 8 (812) 576-20-19;         8 (812) 576-18-36;         8 (812) 576-18-76
– дар вилояти ЛенинградТел: 8 (812) 611-44-90
Барои арзу шикоятҳои электронии ба Вазорати маорифи ФРhttps://open.edu.gov.ru/appeals/e-send/
Вазорати маорифи Россияhttps://open.edu.gov.ru/appeals Тел: +7 (495) 587- 01-36
 Марказҳои бисёрсоҳавии пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ (МБС). Телефони «Доимоамалкунанда»-и МБС барои сабти кӯдакон дар боғчаҳо ва синфҳои 1-и мактаб:
 – дар ш. Москваhttps://md.mos.ru/ Тел: 8 (495) 777-77-77
 – дар вилояти Москваhttps://uslugi.mosreg.ru Тел: 8 (800) 550-50-30
 – дар ш. Санкт-Петербургhttps://gu.spb.ru/mfc/ Тел: 8 (812) 573-90-60
 – дар вилояти Ленинградhttp://mfc47.ru/ Тел: 8 (800) 500-00-47
 Дар сурати вайрон кардани ҳуқуқҳои кӯдак, инчунин ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак муроҷиат кардан мумкин аст:  
 – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ФРhttp://deti.gov.ru/
 – дар ш. Москваhttp://ombudsman.mos.ru/ Тел: 8 (495) 957-05-85
 – дар вилояти Москваhttps://detimo.mosreg.ru/ Тел: 8 (498) 602-32-07
 – дар ш. Санкт-Петербургhttp://spbdeti.org/ Тел: 8(812) 576-70-00
 – дар вилояти Ленинградhttps://47deti.ru/ Тел: 8 (812) 400-36-49
 Ташкилотҳои ихтиёрӣ (волонтёри) дар минтақаҳои ФР. Ихтиёриён (волонтёрон) бо кӯдакон машғулиятҳои ройгони омӯзиш мегузаронанд, фароғат ва барномаҳои фарҳангӣ ташкил мекунанд ва ба кӯдакон барои дар ҷомеаи Россия одат кардан ёрӣ мерасонанд.
 – дар Москва ва ҳумаи Москва (Подмосковье) Маркази адаптатсия ва таълими кӯдакон-гурезагон «Такие же дети»  http://kidsarekids-center.com/
 – дар вилояти Москва Мактаби забономӯзии «Ковчег»https://pereletnye-deti.ru/
 – дар Санкт-Петербург ТҒА «Дети Петербурга» – дар ташкилот Маркази ҷавонон амал мекунад.https://detipeterburga.ru/ Тел: +7 (911) 773-77-87
 Барои омӯзиши мустақилонаи забони русӣ аз ҷониби кӯдакон аз инҳо истифода баред:  
 – портали Донишкадаи забони русӣ ба номи А.С. Пушкин «Русский язык для наших детей»http://rus4chld.pushkininstitute.ru/#/
 – портал барои дастгирии забони русӣ дар мактаби ибтидои МММ ноҳияи Адмиралтейский, ш.Санкт-Петербург «Говоруша»  http://www.govorusha.adm-edu. spb.ru/