Categories
Хабарҳо

Табиби тоҷик дар Русия ҷоизаи вижа гирифт

Поделиться

Фурқат Ғафуров, зодаи шаҳри Хуҷанд, ки тайи тақрибан ҳашт сол боз дар Русия машғули кору зиндагист, рӯзи 4-уми декабр барои фаъолиятҳои пизишкӣ соҳиби ҷоизаи вижа шуд. Губернатори вилояти Маскав аз заҳматҳои ин ҷарроҳи тоҷик қадрдонӣ кардааст.

    Андрей Воробёв дар маросими хос ҷоизаи ба номи “Мо дар каноратон ҳастем”-ро ба 180 табиб тақдим кардааст, ки дар миёни онҳо Фурқат Ғафуров, мудири шуъбаи бемориҳои қалбу раги бемористони яке аз шаҳрҳои вилояти Маскав, низ буд. Губернатори вилояти Маскав аз ин зодаи Тоҷикистон ба хотири кори муваффақона ва кумак ба беморон дар шароити густариши коронавирус қадрдонӣ кардааст.
Фурқат Ғафуров аз ҷумлаи табибонест, ки барои идомаи таҳсил ба Русия рафта ва дар пайи пайдо кардани ҷойи кори муносиб дар он ҷо монд. Ӯ 15-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамчун мудири шуъбаи бемориҳои қалбу раги бемористони марказии ноҳияи Егориевски вилояти Маскав фаъолият дорад ва аз муносибати сокинони ин минтақа розист. Ин пизишки тоҷик мегӯяд, дарёфти ҷоиза барояш осон набуд, чун дар баробари ӯ 179 нафари дигар низ барои соҳиб шудан ба он рақобат карданд.
Ба гуфтаи расонаҳо, дар ду даҳаи охир ҳукумати Русия ба воситаи барномаи махсус кормандони тибби Тоҷикистонро ба кишвари худ ҷалб намуд. Танҳо аз вилояти Суғд дар ин муддат ба воситаи консулгарии Русия дар Хуҷанд наздики 10 ҳазор пизишки ботаҷриба ба Русия кӯчонда шуд.
Аз сӯе, ба гуфтаи коршиносон, бино бар камии маош шумораи зиёде аз табибони тоҷик тарки пеша карда, ба тиҷорат машғул шудаанд ё аз кишвар рафтаанд.

Манбаъ: Радиои Озодӣ