Categories
Хабарҳо

“Тадбирҳои сахт” – и ПУТИН В.В.

Поделиться

Путин дар бораи хориҷиёне, ки дар Русия қонунро вайрон мекунанд, ибрози андеша дошт.

Барои зуҳури ифротгароӣ ва нақзи қонун, муҳоҷирон бояд аз Русия ихроҷ шаванд. Дар ин бора сарвари давлат Владимир Путин дар ҷаласаи васеи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия изҳор дошт. Чунин чораҳо бояд нисбати хориҷиёне, ки дар Русия ғайриқонунӣ кор мекунанд, татбиқ карда шаванд. Илова бар ин, вуруди қонуншиканон ба кишвар манъ карда шавад.

Ба гуфтаи Путин, муборизаи муассир бо ифротгароӣ мустақиман ба соҳаи муҳоҷират марбут аст. Путин таъкид кард, ки дар Русия аз хориҷиёни ғайриқонунӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноие, ки аз ин раванд болотар истода, тиҷорати ҷиноӣ месозанд, ҳушёрона назорат кардан лозим аст.

Путин афзуд, ки алайҳи чунин афрод бояд “чораҳои сахттарин” кор карда шаванд. Дар ҳайати мушовараи васеъи Вазорати корҳои дохилии Русия сардори ин идора Владимир Колоколтсев низ суханронӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2021 теъдоди ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон 6% афзоиш ёфтааст. Колоколтсев иттилоъ дод – “вайронкунии гурӯҳӣ аз қонун ва тартибот сабт шуда, иштирокчиёни онҳоро ба ҷавобгарӣ кашидашакли ихроҷ ва депортатсия чораҳо андешида шуданд”. Вай ҳамчунин қайд кард, ки дар соли 2021 ҳудуди 1 миллион муҳоҷир будубоши худро дар Русия бо гирифтани патент қонунӣ кардаанд.

Сарчашма: tj.sputniknews.ru