Поделиться

Тамоюлҳои муосири муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ

Муҳоҷирони меҳнатӣ қисми зиёди аҳолии Осиёи Марказиро, ки дар хориҷа мебошанд, ташкил медиҳанд. Қаблан аксарияти кулли муҳоҷирон дар Русия кор мекарданд. “Аммо, дар тӯли панҷ соли охир ҷуғрофияи муҳоҷирати меҳнатӣ тағир ёфтааст” – мегӯяд Cabar.asia.

Муҳоҷирати корӣ ба Русия

Имрӯз кишварҳои асосии донори (таъминкунандагони) муҳоҷирони корӣ ба Русия аз Осиёи Марказӣ Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд. Агар дар соли 2017, тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, аз Ӯзбекистон 1 822 933 нафар буданд, пас дар соли 2018 шумораи онҳо ба 2 007 407 нафар расидааст. Дар Тоҷикистон бошад, дар ин муддат 936 752 муҳоҷир буд, пас то соли 2018 шумораи онҳо ба 1 018 497 нафар афзудааст. Дар соли 2017 дар Русия 376 863 нафар аз Қирғизистон кор мекарданд ва пас аз як сол шумораи онҳо ба 351 959 нафар расид. Азбаски на ҳама муҳоҷирати меҳнатӣ қонунӣ аст, дақиқ гуфтани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ душвор буда, аксари муҳоҷирон дар қайди давлатӣ нестанд ва кишвари истиқомат, ҷойи истиқомати худро дар мақомоти дахлдори муҳоҷират ба қайд нагирифта, кору фаъолияти худро идома медиҳанд.

Умуман, долони муҳоҷират байни Русия ва Осиёи Марказӣ яке аз пойдортарин дар ҷаҳон пас аз пошхӯрии СССР ба ҳисоб меравад. Аз соли 1990 то 1992 ҷараёни фаровони муҳоҷирати маҷбурӣ ба Русия бо сабаби вазъи ноустувори сиёсӣ ва иқтисодӣ ба назар мерасид. Ин барои таъсиси Хадамоти Федералии Муҳоҷирати Русия дар соли 1992 асос шуда, таҳияи қонунгузории муҳоҷират дар Русия оғоз шуд, ки он мебоист мақом ва ҳуқуқи муҳоҷиронро ба таври шояду бояд муайян мекард.

Loading...

Loading…

Хамзамон дар солҳои 90-ум дар Русия коҳиши аҳолӣ, аз ҷумла қобили меҳнат ба назар мерасид ва ин дар навбати худ норасоии қувваи кориро ба бор меовард. Дар ҳоле ки бекорӣ дар Осиёи Марказӣ меафзуд, ин омилҳо боиси шиддат гирифтани муҳоҷирати меҳнатӣ шуданд. Русия чун анъана як кишвари афзалиятноки муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дониста мешуд. Аксари муҳоҷирон аз Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ба Федератсияи Русия мерафтанд. Оғоз аз нимаи солҳои 2000-ум, ҷараёни асосии муҳоҷирон барои иқомати доимӣ ба Русия равона мешуданд, зеро барномаи давлатии мусоидат ба кӯчонидани ҳамватанони берунмарзӣ ба Федератсияи Русия, ки дар соли 2006 қабул шудааст, таҳия шуда буд.

 

Марҳилаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ

Соли 2000 Чумҳурии Қазоқистон барои муҳоҷирони меҳнатии минтақаи Осиёи Марказӣ хеле ҷолиб гардид. Рушди иқтисодӣ, сатҳи баланди зиндагӣ, низоми бидуни раводид, наздикии ҷуғрофӣ коргаронро ба кор ба Қазоқистони ҳамсоя ташвиқ ва ҷалб кард.

Аз миёнаҳои солҳои 2000 то 2014, муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун як манбаи даромади кишварҳои фиристанда муаррифӣ мешавад. Дар солҳои 2014-2016, дар пасманзари бӯҳрони иқтисодӣ, Русия, ҳамчун кишвари асосии кабулкунанда, чораҳои назорати муҳоҷиронро шадидтар кард ва ба ихроҷи муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ кард ва барои онҳо як муддати муайян манъи вурудро ҷорӣ кард.

Муҳоҷирати меҳнатӣ дар Қазоқистон

Аз соли 2014, Қазоқистон ба як кишвари транзитӣ табдил ёфт, ки тавассути он муҳоҷирон аз Русия бар асари назорати шадиди Русия бармегаштанд.

Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, дар Қазоқистон зиёда аз сеюним миллион муҳоҷирони гуногун зиндагӣ мекунанд. Рақами мазкур адади репатриатсияшудагон (дубора ба чойхои худ баргардонидашудагон)-и “оралманҳо” (қавмҳои этникӣ-репатриантҳо – мухаррир) ва муҳоҷирони бо сабабҳои шахсӣ ё дар доираи мубодилаи донишгоҳҳо, инчунин ҷараёни муҳоҷирати меҳнатиро (ҳам танзимшаванда ва ҳам танзимнашаванда) дар бар мегирад. Тибқи ин маълумот, муҳоҷирон 20% аҳолии Қазоқистонро ташкил медиҳанд, ки дар соли 2015 он ба 17,5 миллион нафар баробар буд. Дар кишвархои пасошӯравӣ Қазоқистон аз рӯи шумораи муҳоҷирони қабулкарда пас аз Русия ва Украина дар ҷои сеюм аст.

Коргарони муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ ба Қазоқистон бинобар мавҷудияти низоми бидуни раводид ба таври қонунӣ меоянд, аммо онҳо ғайриқонунӣ – бидуни сабти ном ва иҷозатнома кор мекунанд, ба истиснои муҳоҷирон аз Қирғизистон, ки узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭО) мебошанд. Тибқи як пурсише, ки коршиноси байналмилалӣ оид ба муҳоҷират, Елена Садовская, дар миёнаҳои солҳои 2000-ум гузаронидааст, дар замони баландтарин ҳаҷми муҳоҷирати меҳнатӣ, 31% муҳоҷирони меҳнатӣ дар Қазоқистон тавассути дӯстон ва шиносҳо, 22% тавассути хешовандон ва 20% мустақилона кор пайдо кардаанд. Ва танҳо 5-7% муҳоҷирон тавассути агентиҳои корфармо кор пайдо карда тавонистанд. Ин маълумот бо натиҷаҳои таҳқиқот дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мувофиқат мекунанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки шабакаи мавҷудаи ҷалби ғайриқонунӣ тавассути миёнаравоне, ки дар бозорҳои бенизоми меҳнат падид меоянд, фаъолият мекунад. Ҳамин тариқ, тӯли 19 соли охир шумораи аз ҳама зиёди муҳоҷирон аз Ӯзбекистон ба Қазоқистон омадаанд. 

Пас аз он Қирғизистон, Туркманистон ва Тоҷикистон меистанд. Дар соли 2011, хонум Садовская инчунин як пурсиши ижтимоӣ гузаронд, ки дар он нақзи зиёди ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии муҳоҷирон ошкор карда шуд. “47,5%-и онҳо бо он рӯ ба рӯ мешуданд, ки корфармоён аз бастани шартномаи меҳнатӣ, ки ба эшон мақоми расмии ҳуқуқӣ медиҳад, даст кашиданд, 53% бо таъхир музди меҳнат мегирифтанд ва 17,8% бошад тамоман нагирифтанд. 12,5% маҷбур шуданд, ки корҳои бемуздро иҷро кунанд, шиносномаҳои 30,7% рабуда шуд, ба 41,6% иҷозат надоданд, ки аз ҷои корашон берун раванд ва 17,8% аз дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ маҳрум шуданд”, қайд мекунад Елена Садовская дар мақолаи худ “Муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ ”дар маҷаллаи САҲА. Вайронкунии оммавии ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии муҳоҷирон дар Қазоқистон то ҳол аз ҷониби дигар муҳаққиқон ва созмонҳои байналмилалӣ қайд карда мешавад.

Муҳоҷирати меҳнатӣ аз Қазоқистон

Муҳоҷирати меҳнатӣ аз Қазоқистон дар соли 2016 афзоиш ёфт. Аксари сокинони кишвар ба Русия мераванд. Аммо, коршиносон қайд мекунанд, ки шумораи онҳое, ки ба кишварҳои Ғарб ва Амрико сафар мекунанд, дар ҳоли афзоиш аст, аммо то ҳол ягон маълумот бо рақамҳои дақиқ вуҷуд надорад.

 

Тавре Елена Садовская қайд мекунад, афзоиши муҳоҷирати меҳнатӣ аз Қазоқистон тасдиқи он аст, ки сабабҳои муҳоҷират дар мажмӯи омилҳои мураккаби теладиҳанда дар кишвари муҳожиркунанда ва баракс омилу шароитҳои жолиби кишвари қабулкунанда мебошанд. Дар Қазоқистон чунин омилҳоро дар падидаҳои бӯҳрони иқтисодиёт, бастани корхонаҳо ва соҳибкорц, паст шудани сатҳи зиндагӣ, фасод, хешутаборбозӣ, рукуди сиёсӣ, имконнопазирии худтатбиқкунӣ мебошанд. Маҳз имкониятҳо васеи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, касбӣ ва дурнамоҳои нави зиндагц шаҳрвандони моро ба кишварҳои Ғарб ҷалб мекунад. Сабабҳои асосии муҳожират ба кишварҳои мутараққии Ғарб ҳамчун сатҳи баландтари зиндагӣ ва инчунин имконияти фарох барои татбиқи худ маҳсуб мераванд. Ба гуфтаи сиёсатшинос Марат Шибутов, агар соли 2016 дар Кореяи Ҷанубӣ 3238 муҳоҷири ғайриқонунӣ аз Қазоқистон буданд, пас соли 2018 аллакай 11.561 нафар расида буданд ва то охири сол метавонад ба 120-130 ҳазор нафар шаванд. + зиёдшавии муҳоҷирати меҳнатиро ба Иёлоти Муттаҳида ва Кореяи Ҷануби бо далели беҳтар шудани низоми раводид вобаста медонад. Фарз мекунем, ки Иёлоти Муттаҳида ба додани раводид барои 10 сол шурӯъ кард ва Кореяи Ҷанубӣ 30 рӯз будубоши бидуни раводид фароҳам овард. Инчунин, ба гуфтаи коршинос, омилҳои иловагӣ – инҳо кам шудани даромади воқеии аҳолӣ, коҳиши шуғли аҳолӣ дар корхонаҳои калон ва миёна, коҳиши адолатҳои иҷтимоӣ ва тақсимоти нобаробари ҷойҳои корӣ дар саросари кишвар мебошанд. “Аз ин рӯ, мардум назар ба он ки дар шаҳри худ 200 доллари амрикоӣ кор кунанд, ғайриқонунӣ ба муҳожират мераванд ва дар сохтмонҳо 1500-2000 доллар кор мекунанд ва ғайра “, – мегӯяд Шибутов. Жолиби қайд аст, ки бо вуҷуди хароҷотҳои зиёд муҳоҷирон маблағҳои худро сарфа мекунанд, ки ин дар Қазоқистон ғайриимкон аст. Ин пасандозҳо барои хариди манзил ва дигар хароҷоти калон истифода мешаванд. Дар маҷмӯъ, ду стратегия мавҷуд аст: агар муҳоҷирон ба Кореяи Ҷанубӣ барои пул кор кардан раванд, пас дар ИМА ба ҷуз аз пул кор кардан, қазоқистонҳо ба имкони қонунигардонии буду боши худ умед мебанданд. Умуман, тавре мутахассисон қайд мекунанд, ҷавонон, писарон ва духтароне, ки маълумот доранд ва забонҳои хориҷиро медонанд, Қазоқистонро тарк мекунанд. Одамони миёнсол дар сурати пайдо кардани кори хуб бо оилаашон риҳлат мекунанд. Аксари муҳоҷирон мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва таҷрибаи корӣ мебошанд.

Муҳоҷирати меҳнатӣ аз Қирғизистон

Муҳоҷират барои Қирғизистон дар давраи истиқлолият ба яке аз равандҳои хос ва муҳим табдил ёфтааст. Тибқи маълумоти пурсиши интихобц, маҷмӯии буҷети хонаводаҳо ва қувваи корӣ, ки аз ҷониби Кумитаи миллии омори Ҷумҳурии Қирғизистон дар соли 2018 гузаронида шудааст, шумораи муҳоҷирони меҳнатии аз 15-сола боло 263 ҳазор нафар, аз ҷумла мардон – 77% ва занон – 23% -ро ташкил медиҳад. Аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ – 79% сокинони деҳоти ҷумҳурӣ мебошанд.

Ба шарофати ба Иттиҳоди иқтисодии Аруосиё (ЕАЭО) шомил шудани Қирғизистон, шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавонистанд дар қаламрави Федератсияи Россия озодона ҳаракат ва кор кунанд, аз ин рӯ шумораи бештари муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия ва Қазоқистон кор мекунанд. Аксари муҳоҷирони меҳнатӣ аз Қирғизистон тахассуси паст доранд ва дар корҳои вазнин кор мекунанд. Тавре ки таҳқиқоти дар боло овардашуда нишон дод, 96% қирғизистониҳо дар Русия, 2% дар Қазоқистон, 1% дар Туркия кор мекунанд ва солҳои ахир бошад, қирғизистониҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Кореяи Ҷанубӣ мераванд. Ба гуфтаи коршинос Айгул Садвокасова, аз Қирғизистон афроди синну соли гуногун, занон ва мардон, ки маълумоти мухталиф доранд, сафар мекунанд. Бояд гуфт, ки муҳоҷирон аз Қирғизистон дар кишварҳои қабулкунандае, ки дар онҳо жамъияҳои иҷтимоӣ, қавмӣ ва фарҳангӣ ба худ монанд доранд, бомуваффақият ва тез мутобиқ мешаванд

Муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон

Муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон аз соли 1992 оғоз меёбад. Он замонҳо дар кишвар вазъияти пуршиддати сиёсӣ – ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омада буд, ки пас аз эълони истиқлолияти кишвар дар заминаи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ба вуҷуд омад. Инчунин, бо фурӯпошии СССР, бисёр корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ аз сабаби набудани ашёи хом, ки қаблан аз кишварҳои дигари Иттиҳод оварда мешуданд, ба бӯҳрон дучор шуданд. Ин ҳама ба бекорӣ оварда, ба рӯҳияи аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонд, ки дар натижа ба афзоиши муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат намуд. Қуллаи баландтарини муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон аз соли 2005 то 2013 мушоҳида шудааст. Ҷараёни асосии муҳоҷирати меҳнатиро ба хориҷ аз кишвар давлатҳои ИДМ ташкил медоданд. 

 

Имрӯз, ба гуфтаи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Эмин Сангинзода, соли 2018 муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Русия нисбат ба соли гузашта 1% коҳиш ёфтааст. Ё худ, танҳо дар панҷ соли охир ҷараёни муҳоҷироне, ки аз Тоҷикистон барои кор ба хориҷа мераванд, 39,5% коҳиш ёфтааст. 

«Дар давоми соли 2018 дар асоси кортҳои муҳоҷират 484 176 муҳоҷири меҳнатӣ ҷумҳуриро тарк карданд. Аз ин 86,7% -ро мардон ва 13,3% -ро занон ташкил медиҳанд. 463.552 нафар ба Федератсияи Русия барои кор рафтанд, 13586 нафар ба Қазоқистон рафтанд ”, – гуфт муовини вазири меҳнат. 

То соли 2019 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта 27% зиёд шудааст. Ҳамин тариқ, дар 7 моҳи аввали соли 2019, тавре ки Sputnik Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнати ҷумҳурӣ хабар дод, зиёда аз 357 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд. Танҳо дар моҳи июли соли 2019 тақрибан 57 ҳазор нафар барои ҷустуҷӯи кор Тоҷикистонро тарк карданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 26,7 ҳазор нафар зиёд аст. 

Дар соли 2018 беш аз ду ҳазор муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон тавассути Агентии шуғли хориҷӣ дар Туркия ва Лаҳистон рафтанд. Дар аввали соли 2019 беш аз 1000 шаҳрвандон барои фиристодани онҳо барои кор ба Полша, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Беларус ва Қазоқистон муроҷиат карданд. 

Дар муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ асосан аҳолии қобили кори 17-62 – мардон ва 17-57 – занон иштирок мекунанд. Аз рӯи нишондиҳандаи синну сол, инҳо асосан ҷавонони 17-29 сола мебошанд – 262,8 ҳазор нафар, яъне 39,2%. Муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ шумораи зиёди бекоронро фаро мегирад. Мувофиқи ҳисобҳои гуногун, он аз 30 то 40% қисми фаъоли иқтисодии аҳолиро ташкил медиҳад. 

Ба гуфтаи коршинос Елена Садовская, Тоҷикистон намунаи олии нақши муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳаёти кишвар ва тамоми минтақа мебошад. Пеш аз ҳама, ин пулҳои интиқолии муҳоҷирон мебошад. 10-15 сол пеш ҳаҷми он ба нисфи ММД (мажмӯи маҳсулоти дохили)-и кишвар баробар буд. Имрӯзҳо ҳиссаи интиқоли муҳоҷирон танҳо аз Русия беш аз 30% ММД Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва дар ҳаҷми мутлақ он тақрибан 2,5 миллиард долларро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти расмӣ, солҳои охир (2013-2018) муҳоҷирони меҳнатӣ танҳо тавассути каналҳои расмӣ, яъне тавассути бонкҳо маблащҳои интиқолёфта беш аз 15 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳаҷми сармоягузориҳои мустақиме, ки дар ин муддат ба Тоҷикистон ҷалб шудаанд, чандин маротиба зиёдтар аст. 

Пулҳои интиқолӣ асоси зинда мондани бисёр оилаҳо дар Тоҷикистон мебошанд. Маблағ барои хӯрок, дору, таҳсили кӯдакон, сохтан ва таъмири хона, хариди мебел, инчунин тӯйи арӯсии писар, духтар ё худи ӯ сарф карда мешавад. Аксар вақт, кӯмакро на танҳо оила, балки хешовандон ва ҳамсоягон низ мегиранд. Баъзе муҳоҷирон муваффақ мешаванд, ки тиҷорати худро оғоз кунанд, зеро онҳо малака ва дониши нав гирифта ба кишвар бармегарданд. Дар сатҳи иқтисоди миллӣ низ афзалиятҳо мавҷуданд, яъне истеъмоли дохилӣ эҳё мешавад, асъори воридшаванда ба кишвар барои таъмини воридоти молҳо ва дигар амалиётҳои молиявӣ истифода мешавад.

 

Муҳоҷирати меҳнатӣ аз Ӯзбекистон

Ӯзбекистон як кишвари донор барои муҳоҷирони корӣ мебошад. Қисми зиёди аҳолӣ дар Русия ва Қазоқистон кор мекунанд. Аммо дар тӯли 5 соли охир ҷуғрофияи муҳоҷирати меҳнатӣ ба тағирёбӣ шурӯъ кард – дар ИМА, Туркия, Қазоқистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Исроил ва Кореяи Ҷанубӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб тамоюли устувори болоравии ҳижрати меҳнатӣ ба назар мерасад.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба омор, шумораи муҳоҷирон ба Қазоқистон дар тӯли 5 сол 10 маротиба афзуда, 355 540 нафарро ташкил додааст. Дар Туркия соли 2018 34 399 корманд, дар АМА – 4578 нафар кор мекарданд. Муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия дар як сол аз 944 328 то 852 008 коҳиш ёфт. Мувофиқи маълумоти коршиносон, ин метавонад ба беқурбшавии рубли русӣ дар соли 2014 вобаста бошад, ки даромади муҳоҷирони меҳнатӣ нисбати доллар ду баробар кам гардид.

Аксар вақт мардони ҷавон ва миёнсоле, ки маълумоти миёна доранд, аз Ӯзбекистон ба мардикорӣ мераванд. Ҳадафи онҳо кор кардан ва ба хона фиристодани пул аст.

“Ҷавонон бо мақсади кӯмак ба волидони худ ва издивоҷашон барои пул кор кардан ба муҳожират мераванд. Одатан онҳо дар хона издивоҷ намуда, пас ба кор бармегарданд. Дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Қазоқистон бошад онҳо метавонанд бо ҳамсарашон раванд, вале кӯдакон дар назди волидайнашон дар Узбакистон мемонанд ”, – гуфт Садвокасова.

Инчунин, ба гуфтаи коршинос, занони ҷавон ва миёнсол низ барои кори ҳаррӯза ба минтақаҳои наздимарзӣ мераванд. Онҳо ба ҷустуҷӯи манзил ниёз надоранд, муддати дароз бимонанд. Бо кушодани марзҳои байни Қазоқистон ва Узбакистон, хусусан дар фасли тобистон ин як амали ҳамарӯза шудааст.

Хулоса

Муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ, хусусан барои кишварҳои қабулкунанда – Русия ва Қазоқистон, ҳамчун як мушкили сиёсӣ арзёбӣ мешавад. Боварӣ ба он аст, ки муҳоҷирон метавонанд ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва сипас ба фазои сиёсӣ фишор оранд. Аммо дар айни замон, бори вазнине, ки давлат ба сабаби муфлисии иқтисодӣ бардошта наметавонад, худи муҳоҷирон мустақилона барои оилаҳояшон ҳал мекунанд. Пулҳои интиқолӣ дар баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ нақши муҳим доранд ва муҳоҷирати оммавӣ шиддати бозори меҳнати миллиро коҳиш дода, сатҳи некӯаҳволии гурӯҳҳои назарраси аҳолиро баланд мебардорад.

* – маълумот дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ аз Туркманистон мавҷуд нест.