Categories
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хабарҳо

Тавассути парвозҳои чартерӣ зиёда аз 90 ҳазор нафар аз Россия ба Тоҷикистон баргаштаанд

Поделиться

Зиёда аз 90,3 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути парвозҳои чартерӣ ба ватан баргаштанд. Соли равон 129 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба Россия рафтаанд. «То имрӯз 90 333 муҳоҷири меҳнатӣ  тавассути парвозҳои чартерӣ  ба кишвар баргаштанд», — изҳор намудааст  муовини сардори Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслишо Нодиршоев.
Ба гуфтаи А. Нодиршоев, аз ҷумлаи онҳо 74171 нафар мардҳо ва 16162 нафар занҳо мебошанд. А. Нодиршоев таъкид кард, ки пандемияи коронавирус ба раванди муҳоҷират таъсир кардааст. «Агар ба солҳои гузашта назар андозем, мебинем, ки ҳар сол тақрибан 500 ҳазор нафар аз мамлакат ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, аммо  соли 2020 ҳамагӣ 129 ҳазор нафар — 112 ҳазору 927 мард ва 16 ҳазору 880 зан ба Россия рафтаанд», — зикр намуд мусоҳиб. «Аксари кулли муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор ба Федератсияи Россия мераванд. То 90% муҳоҷирони мо ба Россия мераванд. 10% -и боқимонда барои кор ба Қазоқистон ва дигар кишварҳо мераванд», — гуфт А. Нодиршоев. Мутобиқи нақшаи кории хадамоти муҳоҷират, дар мамлакат нуқтаҳои машваратӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис дода шудаанд, ки муҳоҷирони бозгаштаро бо кор таъмин мекунанд.
«Ба ин нуқтаҳо беш аз 23 ҳазор нафар муроҷиат кардаанд. Муҳоҷирони баргашта бо се роҳ бо мо тамос мегиранд: шифоҳӣ, хаттӣ ва телефонӣ. Мо категорияи онҳоро муайян мекунем, то бидонем, ки вуруди чанд муҳоҷир ба Федератсияи Россия манъ аст. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, то 31 июли соли равон вуруди тақрибан 286 ҳазор нафар шаҳрвандони мо ба қаламрави Россия манъ шудааст», — иброз намуд А. Нодиршоев ва илова кард, ки «бо ҳамин сабаб мо кӯшиш мекунем, ки дар дохили кишвар ҷойҳои корӣ ташкил кунем».
А. Нодиршоев таъкид кард, ки ҳангоми бо кор таъминкунӣ дар дохили ҷумурӣ, афзалият ба шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан дар бахши сохтмон дода мешавад. «Имрӯз дар мамлакати мо 267 ширкати сохтмонӣ фаъолият дошта, дар онҳо 34 528 нафар сокинони маҳаллӣ кор мекунанд, шумораи шаҳрвандони хориҷӣ аз 4000 нафар зиёд аст», — хулоса кард А. Нодиршоев.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»