Categories
Хабарҳо

Тоҷикистон дар рӯйхати интизории фурудгоҳи Внуково мебошад

Поделиться

Фурудгоҳи байналмилалии Внуковои Москва интизор дорад, ки аллакай моҳҳои апрел-май якчанд хатсайрҳои байналмилалӣ барқарор хоҳанд шуд. Тоҷикистон дар рӯйхати интизорӣ дар қатори кишварҳои нахустин қарор дорад. Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дирӯз Виталий Вантсев, раҳбари шӯрои директорон, шариксоҳиби фурудгоҳ ба рӯзноманигорон дар ин бора хабар додааст.

     «Мо интизор дорем, ки ба ҳар ҳол хатсайрҳо ба шарикони мо — кишварҳои ИДМ, пеш аз ҳама, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон моҳҳои апрел-май ифтитоҳ хоҳанд шуд. Вазъи эпидемиологӣ дар он ҷо нисбат ба мо хеле беҳтар аст. Тавре ки шумо медонед, дар кишвари мо низ он ба эътидол меояд, аз ин рӯ умедворем, ки ин ду бозор барои мо боз хоҳанд шуд. Инҳо бозорҳои хеле калон ва ғунҷоишдор мебошанд», — зикр кард Виталий Вантсев.

     Ба гуфтаи Виталий Вантсев, соли 2021 вобаста ба суръати ифтитоҳи масирҳои байналмилалӣ, Внуково метавонад ҳамлу нақли мусофиронро аз 11 то 43%, 14-18 миллион нафар мусофир зиёд кунад. Дар ҷамъбасти соли 2020 фурудгоҳ ба 12,56 млн мусофир хизмат расонид.

     «Ҳама чиз ба он вобаста хоҳад буд, ки ҳоло сохтани буҷаи ҳамлу нақли  мусофирон аз рӯи  маблағи он ғайриимкон аст. Даромади мо ба миқдори парвозҳо вобастагӣ дорад. Ба шумо бигӯям, ки ҳадди ақалл мо ба 14 миллион мусофир умед мебандем. Албатта, рақами хушбинтаре низ мавҷуд аст ва мо умедворем, ки он ба 18 миллион мерасад», — хулоса кард Виталий Вантсев.

Дар асосӣ маводҳои: АМИТ «Ховар»