Categories
Хабарҳо

Тренинг оид ба реинтегратсияи муҳоҷирони баватанбаргашта

Поделиться

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар доираи лоиҳаи «Реинтегратсияи муҳоҷирони баватанбозгашта» тренинг гузаронида шуд.

    Бо ташаббуси ташкилоти байналмилалии «Ҳайати шафқат»  давоми шаш рӯз барои кормандони дастгоҳи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои пилотии Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Деваштич дар доираи лоиҳаи «Реинтегратсияи муҳоҷирони баватанбозгашта» тренинг гузаронида шуд, ки 6 рӯз давом кард.

    Дар рафти ин чорабинии омӯзишӣ масъалаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муҳоҷирони баватанбаргашта, идоракунии босамари муҳоҷирати меҳнатӣ ва асосҳои саводнокии компютерӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мардон Қурбонов
Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд