Categories
Хабарҳо

Усули нави ба кор ҷалб кардани муҳоҷирони меҳнатӣ

Поделиться

     Бо мақсади ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор дар вилояти Москва, қоидаҳои нав аз соли 2021 татбиқ карда мешаванд.

     Дар вилояти Москва усули ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба кор аз соли 2021 тағир хоҳад ёфт, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарраёсати амнияти минтақавии вилояти Москва.

     Қоидаҳои нав аз рӯи алгоритме, ки ҳукумати Россия таҳия кардааст, амал мекунад.

Ҳоло ташкилотҳое, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ талабгоранд, бояд интиқоли муҳоҷирон, додани иҷозатномаҳо барои шуғли онҳо, бастани шартномаҳои меҳнатӣ, ташкили манзилу хӯрок, муоинаи тиббӣ пас аз будубош дар Россия, инчунин риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологиро таъмин кунанд.

     Ташкилотҳо бояд барои ҷалби хориҷиён ба системаи иттилоотию таҳлилии “Пойгоҳи Умумироссиягии ҷойҳои кории холии” Кор дар Россия” муроҷиат кунанд.

     Сарраёсати амнияти минтақавӣ дар вилояти Москва ва Вазорати рушди иҷтимоӣ барои иҷрои тадбирҳо дар минтақаи Москва масъуланд.

     Тибқи иттилои вазорат, интизор меравад, ки ба минтақаи Москва ҳудуди 10 ҳазор муҳоҷири корӣ расанд. Онҳо дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмон кор хоҳанд кард.

Дар асоси маводҳои  Sputnik